УЕФА
УЕФА | |
|---|---|
| | |
| | |
| | |
| Маркази маъмурӣ | |
| Нишонӣ | |
| Намуди созмон | international sport governing body[d], association football federation[d] ва nonprofit organization[d] |
| Забонҳои расмӣ | фаронсавӣ, инглисӣ ва олмонӣ |
| Роҳбарон | |
| Александер Чеферин[d][2] | |
| Таъсис | |
| Санаи таъсис | 15 июн 1954 |
| Барҳамхурӣ | |
| Маълумотҳои дигар | |
| Созмони асосӣ | FIFA |
| Вебгоҳ | uefa.com(англ.) |
Иттиҳоди анҷуманҳои футболи Урупо (англ. Union of European Football Associations, кӯтоҳ UEFA, дар нависагардонии тоҷикӣ УЕФА) — ташкилоти варзишиест, ки футболро дар Урупо ва баъзе минтақаҳои ғарби Осиё идора мекунад. Ин созмон анҷуманҳои миллии футболи кишварҳои Урупоро муттаҳид намуда, ҳамаи мусобиқаҳои урупоии бошгоҳҳои футболӣ ва тимҳои миллиро ташкил мекунад. Ҳамчунин даромадҳои бадастомада аз таблиғот ва пахши телевизиониро байни бошгоҳҳо ва анҷуманҳои миллии узви худ тақсим менамояд.
УЕФА — яке аз шаш конфедератсияи қитъавиест, ки узви Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) мебошанд ва аз миёни онҳо УЕФА таъсиргузортарин ва сарватмандтарин аст. Тақрибан ҳамаи беҳтарин футболбозони ҷаҳон дар Урупо бозӣ мекунанд, зеро дар он ҷо болотарин дастмуздҳо пардохт мешаванд, ба вижа дар Инглистон, Фаронса, Итолиё, Испониё ва Олмон[3]. Ҳамчунин, УЕФА намояндаи бисёре аз тимҳои пурқудрати ҷаҳон аст, ки ин боиси ҳузури густардаи кишварҳои ин конфедеросиюн дар мусобиқоти ҷаҳонӣ мешавад: масалан, аз 32 дастаи Ҷоми ҷаҳони соли 2006 УЕФА 14 дастаро намояндагӣ мекард.
УЕФА пас аз мушовараҳое, ки бо иштироки федератсияҳои футболи Фаронса, Итолиё ва Белгия оғоз шуда буд, санаи 15 июни соли 1954 дар Базел (Швейтсария) таъсис ёфт. Дар ибтидо УЕФА 25 кишварро дар бар мегирифт, акнун теъдоди он ба 55 расидааст. Маркази маъмурии УЕФА то соли 1959 дар Порис қарор дошт ва сипас ба Берн кӯчонида шуд. Аз соли 1995 дафтари марказӣ дар шаҳри Нён ҷойгир аст. Аввалин президент Эббе Швартс ва дабир Анри Делоне буданд.
УЕФА аксар вақт бо Коммиссиюни Урупо, ки манфиатҳои анҷуманҳои миллии футболи кишварҳоро мудирият мекард, таззод дошт. Дар даҳаи 1990-ум ихтилофҳо бештар дар бораи ҳуқуқи пахши телевизионӣ ва ба вижа (қоидаи Босман) буд.
Президентҳои УЕФА
[вироиш | вироиши манбаъ]| Ном | Кишвар | Муддат | |
|---|---|---|---|
| 1. | Эббе Швартс | 1954—1962 | |
| 2. | Густав Видеркер | 1962—1972 | |
| 3. | Артемио Франки | 1972—1983 | |
| 4. | Жак Жорж | 1983—1990 | |
| 5. | Леннарт Юҳанссон | 1990—2007 | |
| 6. | Мишел Платини | 2007—2015 | |
| — | Анхел Мария Вийяр (и. в.) | 2015—2016 | |
| 7. | Александер Чеферин | 2016—т.ҳ. |
Дабирони кулли УЕФА
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз январи соли 2007 инҷониб вазифа «дабири кулл» номида мешавад:
| Ном | Кишвар | Муддат | |
|---|---|---|---|
| 1. | Анри Делоне | 1954—1955 | |
| 2. | Пиер Делоне | 1955—1960 | |
| 3. | Ҳанс Бангертер | 1960—1989 | |
| 4. | Герҳард Айгнер | 1989—2003 | |
| 5. | Ларс-Кристер Улссон | 2003—2007 | |
| 6. | Дэвид Тейлор | 2007—2009 | |
| 7. | Ҷанни Инфантино | 2009—2016 | |
| 8. | Теодор Теодоридис | 2016—то ҳол |
Мусобиқаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аъзои УЕФА
[вироиш | вироиши манбаъ]Аъзои собиқ
[вироиш | вироиши манбаъ]
ҶДО (то 1990)
Заар (то 1956)
Сербия ва Черногория (то 2006)
Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ
ИҶШС (то 1991)
Чехословакия (то 1993)
Югославия
Аъзои эҳтимолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар поён аъзои эҳтимолии УЕФА ва федератсияҳое оварда шудаанд, ки кӯшиш кардаанд ба ташкилот шомил шаванд.
Давлатҳои мустақиле, ки дар Урупо ҷойгиранд:
Ҳудудҳои вобаста, ки мекӯшанд ба УЕФА шомил шаванд:
Инчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://www.lobbyfacts.eu/datacard/union-of-european-football-associations?rid=39217046408-27
- ↑ https://www.uefa.com/insideuefa/about-uefa/president/
- ↑ Опубликован рейтинг зарплат футболистов лучших лиг мира — Российская газета.
- ↑ Датская футбольная ассоциация поддерживает Гренландию в стремлении стать членом УЕФА и ФИФА
- ↑ Гордые островитяне Джерси — кто хотел вступить в УЕФА.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]| УЕФА дар Викианбор |
Шаблон:Мусобиқаҳои УЕФА Шаблон:Роҳбарони УЕФА Шаблон:ФИФА Шаблон:Анҷуманҳои миллии футболи (УЕФА) Шаблон:Тимҳои миллии футболи Урупо Шаблон:Футболи байналмилалии занона Шаблон:Тимҳои миллии занонаи футболи Урупо Шаблон:Футболи байналмилалии бошгоҳӣ
Шаблон:Лигаҳои УЕФА миёни занон Шаблон:Мини-футболи байналмилалӣ Шаблон:Тимҳои миллии Урупо дар мини-футбол Шаблон:Лигаҳои олии футзали Урупо (УЕФА) Шаблон:Футболи соҳилӣ Аврупо