Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Убайдуллоҳи Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Убайдуллоҳи Самарқандӣ

Убайдуллоҳи Самарқандӣ (форсӣ: عبیدالله سمرقندی‎; ? — қарни XVI) — олим ва фақеҳи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Самарқанд таваллуд шудааст. Бино ба маълумоти «Музаккиру-л-аҳбоб» аксари илмҳои расмии замонашро аз бар кардааст.

Аз ӯ асари «Сироҷу-с-соликин ва латоифу-л-орифин» боқӣ мондааст, ки аз муқаддима, ҳашт боб ва хотима иборат мебошад. Китоб ба фаъолияти шайх Лутфуллоҳи Чустӣ (вафот 1559) оид аст. Дар он муаллиф доир ба воқеаҳои сиёсии асри 16-и Фарғона, Тошканд, Самарқанд, Чағониён, Ҳисор ва ғайра маълумот медиҳад. Асар оид ба муборизаи силсилаи нақшбандия ва кубравия маълумоти фаровон дорад. Нусхаи ноқиси асари Убайдуллоҳи Самарқандӣ дар захираи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Узбекистон (№ 629) ва нусхаи пуррааш дар китобхонаи шахсии А. А. Семёнов маҳфузанд.

  • Убайдуллоҳи Самарқандӣ / У. Назиров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).