Убайдулло Асрорзода
Убайдулло | |
|---|---|
| Асрорзода Убайдулло Саттор | |
| Таърихи таваллуд | 08 05 1986 |
| Зодгоҳ | Ноҳияи Восеъ |
| Кишвар |
|
| Ҷойҳои кор | Ректори МД Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Институти иқтисоди кишоварзӣ - Академияи Илмҳои Кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
| Унвонҳои илмӣ | профессор |
| Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2008) |
Убайдулло Асрорзода Саттор — олим, доктори илмҳои иқтисод, профессор.[1]
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, Солҳои минбаъда ба ҳайси ходими илмӣ, омӯзгор ва то имрӯз дар вазифаҳои масъули соҳаи илму маориф фаъолият дорад. Соли 2011 — дар Институти иқтисоди кишоварзӣ - Академияи Илмҳои Кишоварзии Тоҷикистон. Соли 2014 — Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Соли 2015 — Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Соли 2015 — Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Аз соли 2020 ҳамчун ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва аз соли 2022 бо табдили донишкада ба донишгоҳи байналмилалӣ ба сифати ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад.
Дар тӯли фаъолияти меҳнатӣ барои дастовардҳои назарррас Убайдулло Асрорзода бо як қатор унвон ва ҷоизаҳои давлатӣ, ба монанди “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2012), Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (соли 2013), Медали Хидмати шоиста (соли 2018) ва Ордени Шараф, дараҷаи II (соли 2024) сарфароз шудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии профессор Убайдулло Асрорзода бо рушди соҳаи сайёҳиву соҳибкорӣ, ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар масоили мубрами рушди иқтисоди ҷаҳон алоқаманд мебошад.
Профессор Убайдулло Асрорзода муовини раиси Шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар соҳаи сайёҳӣ, маркетинг ва соҳибкорӣ мебошад. Муаллифи 5 монография, 6 китоби дарсӣ ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва иқтисоди ҷаҳон мебошад.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Рӯйхати корҳои илмӣ – [АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР https://elibrary.ru/author_profile.asp?id=1221809]