Уктам Мансуров
Зоҳир
Уктам Ҳамидович Мансуров | |
Таърихи таваллуд | 1933 |
Зодгоҳ | Хуҷанд , ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 1988 |
Маҳалли даргузашт | Тошканд |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | техникӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Политехникуми Осиёи Миёна (ш. Тошканд) |
Уктам Ҳамидович Мансуров (1933, ш. Хуҷанд – 1988, ш. Тошканд), доктори илми техникӣ (1988), профессор (1988).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Уктам Ҳамидович Мансуров соли 1952 Политехникуми Осиёи Миёна (шаҳри Тошканд) ва 1960 Институти муҳандисии ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи ш. Тошкандро ба итмом расондааст. Солҳои 1952-1955 ба сифати техник-геолог дар ш. Кривой Рог (Украина) кор кардааст. Аз соли 1960 то поёни умр дар Институти муҳандисии ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошканд фаъолият намуда, вазифаҳои дотсент ва профессори кафедраи механизатсияро иҷро кардааст. Бобати такмили мошинҳои пахтачинӣ таҳқиқот анҷом дода, бисёр пешниҳодҳояш мавриди амал қарор гирифтаанд. Муаллифи беш аз бист ихтироот ва чандин шаҳодатномаи навоварист.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Основы технологического процесса хлопкоуборочных машин. – Ташкент, 1986.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 116.