Умавиён
Умавиён | |
| Таърихи таъсис | 661 |
|---|---|
| Номида ба шарафи | Умайя ибни Абдишамс[d] |
| Бунёнгузор | Муовия писари Абусуфиён |
| Кишвар | |
| Ҷойгиршавӣ | |
| Пас аз | Бану Умайя[d] |
Умавиён (ар. الأُمَوِيّون), ё Банӣ Умайя (ар. بنو أمية) — аз дудмонҳои хулафо исломӣ, ки онро Муъовия дар соли 661 таъсис додааст. Умавиён аз шохаҳои Суфёниён ва Марвониён дар Хилофати Димишқ то миёнаҳои асри VIII ҳукмронӣ карданд. Соли 750 дар натиҷаи шӯриши Абумуслим сулолаи онҳо ба дасти Аббосиён сарнагун гардид. Тамоми Умавиён, ба истиснои Абдурраҳмони I, набераи халифа Ҳишом, ки ба Испаниё фирор кард ва дар он ҷо сулолаи нав (Иморати Қуртуба) таъсис дод, нобуд карда шуданд. Асосгузори хонадони Умавиён Умайя ибни Абдишамс, писари Абдишамс ибни Абдиманоф ва бародари амӯи Абдулмутталиб ба шумор меравад. Абдишамс ва Ҳошим бародарони дугоник буданд.
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар даврони пеш аз ислом, Умавиён тоифае барҷаста аз қабилаи Қурайши Макка буданд, ки аз насли Умайя ибни Абдишшамс ба шумор мерафтанд. Бо вуҷуди мухолифати сарсахтона бо Муҳаммад, паёмбари ислом, Умавиён пеш аз вафоти эшон дар соли 632 мелодӣ ислом оварданд. Усмон, аз ёрони аввалияи паёмбар ва аз қабилаи Умавӣ, севумин халифаи рошидин буд, ки дар солҳои 644 то 656 мелодӣ ҳукумат кард, дар ҳоле ки дигар аъзои ин тоифа фармондориҳои мухталиферо бар уҳда доштанд. Яке аз ин фармондорон, Муовияи I дар Шом, дар аввалин ҷанги дохилии мусулмонон (656-661) бо хилофати Алӣ ибни Абӣ Толиб мухолифат кард ва пас аз он хилофати Умавиро бо пойтахтии Димишқ таъсис кард. Ин рӯйдод оғози силсилаи Умавиро рақам зад, ки аввалин силсилаи маврусӣ дар таърихи ислом ва танҳо силсилае буд, ки дар он замон бар тамоми ҷаҳони ислом ҳукумат кард. Иқтидори Умавиён дар дувумин ҷанги дохилии мусулмонон ба чолиш кашида шуд, ки тайи он, шохаи суфёнии Муовия дар соли 684 тавассути Марвони I ҷойгузин шуд. Марвони I (Марвон ибни Ҳакам) шохаи марвонии хулафои Умавиро таъсис кард, ки ҳокимияти ин силсиларо бар хилофат эҳё кард.
Имперотурии исломӣ дар даврони Умавиён ба бузургтарин густараи ҷуғрофиёии худ расид. Умавиён ба футуҳоти аввалияи мусулмонон идома доданд ва Мағриб, Ҳиспониё (Андалус), Осиёи Марказӣ, Синд ва бахшҳое аз Туркистони Чинро фатҳ карданд. Аммо ҷангҳои мудовим манобеи низомии давлатро таҳлил бурд, дар ҳоле ки шӯришҳои алавиён ва хавориҷ ва риқобатҳои қабилавӣ давлатро аз дарун тазъиф кард. Саранҷом, дар соли 750, Аббосиён халифа Марвони II-ро сарнагун карданд ва бештари аъзои хонаводаи Умавиро қатли ом карданд. Яке аз бозмондагон, Абдурраҳмони I, набераи халифа Ҳишом ибни Абдулмалик, ба Испониёи мусулмон фирор кард ва дар он ҷо иморати Қуртубаро таъсис кард. Баъдан, наводаи ӯ, Абдурраҳмони III, дар соли 929 онро ба як хилофат табдил кард. Дар даврони Умавиён, Андалус дар тӯли асри тиллоии ислом ба марказе барои илм, пизишкӣ, фалсафа ва ихтироъ табдил шуд[1].
Хилофати Қуртуба дар соли 1031 ба чандин подшоҳии мустақил ба номи тавоиф таҷзия шуд ва бадин тартиб поёни сиёсии силсилаи Умавиёнро рақам зад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Simon Barton (30 June 2009). A History of Spain. Macmillan International Higher Education. pp. 44–5. ISBN 978-1-137-01347-7.