Абдуҷаббор Умарзода
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Умарзода Абдуҷаббор Қаҳор)
Абдуҷаббор Умарзода | |
|---|---|
| Умарзода Абдуҷаббор Қаҳор | |
| Таърихи таваллуд: | 31 июл 1969 (56 сол) |
| Зодгоҳ: | Истаравшан , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ: |
|
| Таҳсилот: | Техникуми индустриалии ш. Душанбе (1988), Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2012) |
| Ҳизб: | Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (узви ҳизб аз соли 2005) |
'Абдуҷаббор Умарзода (Умарзода Абдуҷаббор Қаҳор; тав. 31 июли соли 1969, ш. Истаравшан) — арбоби давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солҳои 1984 - 1988 — Донишҷӯи техникуми индустриалии ш. Душанбе.
- Солҳои 2007 - 2012 — Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.
- Солҳои 1988 - 1991 — Челонгари Фабрикаи трикотажи шаҳри Истаравшан
- Солҳои 1988-1990 — Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС.
- Солҳои 1991- 1992 — Челонгари заводи “Торгмаш”-и шаҳри Истаравшан.
- Солҳои 1992-1995 — Челонгар барқчии Шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан.
- Солҳои 1995-2002 — Директори Корхонаи муштараки истеҳсолӣ – тиҷоратии «Барқ», шаҳри Истаравшан.
- Солҳои 2002-2003 — муҳандиси барқи Идораи давлатии хоҷагии оби «Катта-сой»-и, шаҳри Истаравшан.
- Солҳои 2003-2009 — Сардори минтақаи мошинии обёрикунандаи Идораи давлатии хоҷагии оби «Катта-сой»-и, шаҳри Истаравшан.
- Солҳои 2009 - 2013 — Сармуҳандиси ҶДММ "Алишер"-и шаҳри Истаравшан.
- Солҳои 2013 - 2014 — Сармуҳандиси Идораи давлатии хоҷагии оби Чашмасор - ноҳияи Ғончи.
- Солҳои 2014 - 2017 — Ҷонишин ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Идораи давлатии беҳдошти замин ва оби чашмасори ноҳияи Деваштиҷ.
- Аз январи 2017 то октябри 2017 — Сардори минттақаи пойгоҳои обкашии КДФ обу корези шахри Истаравшан.
- Солҳои 2017-2019 — Муҳандис - заминсози Ҷ/Д Гули Сурх -и шахри Истаравшан.
- Аз 20.02. 2019 то 17.03 2020 — Сармуҳандис, иҷрокунандаи вазифаи директори КДФ ХМК-и шаҳри Истаравшан.
- Аз 1 марти соли 2020 — Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан - 23 интихоб шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Умарзода Абдуҷаббор Қаҳор(тоҷ.). www.parlament.tj. 26 марти 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июни 2023.