Ума Турман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ума Турман
англ. Uma Thurman
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд англ. Uma Karuna Thurman
Таърихи таваллуд 29 апрел 1970(1970-04-29)[1][2][3][…] (53 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша ҳунарпеша, таҳиякунандаи филм, бозигари синамо, мудел, филмноманавис, таҳиякунандаи телевизиюнӣ, ҳунарпешаи телевизион, садопеша, international forum participant
Падар Robert Thurman[d]
Модар Nena von Schlebrügge[d]
Ҳамсар Гари Олдман ва Ethan Hawke[d]
Фарзанд Maya Hawke[d] ва Levon Hawke[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ума Турман (англисӣ: Uma Thurman) — ҳунарпешаи синамои Ҳолливуд ва модели ИМА.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ума Турман (англисӣ: Uma Thurman) 29 апрели соли 1970 дар шаҳри Бостони ИМА, дар оилаи профессор Роберт Турман ва модел Нина Шлебруҷ ба дунё омадааст. Ума ҳамроҳии се бародараш дар шаҳри Амҳерст, ки падараш дар он ҷо муаллимӣ мекард, ба воя расидааст. Ҳанӯз дар даврони кӯдакияш Ума мактабро тарк карда, пурра ба омӯзиши санъати ҳунарпешагӣ машғул шуд. Баъд аз ба Ню-Йорк омадан, Турман маҷбур шуд, ки барои таъмини зиндагияш ва пардохти маблағи омӯзишаш кор кунад. Ӯ ба мисли дигар ситорагони оянда пешхизмат шуда кор мекард.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Иштироки аввалини ҳунарпешаи ҷавон дар филми (англ. "Kiss Daddy Goodnight") (1987) будааст, ки дар он ӯ нақши духтари маккореро бозида буд, ки мардонро ба худ ҷалб карда, ғорат мекард. Соле пас ӯ нақши асосиро дар филми мазҳакавии Johnny Be Good (1988) гирифт, вале Турманро танҳо пас аз офаридани нақш дар филми "Опасные связи" /Dangerous Liaisons, 1988/ чун ҳунарпеша шинохтанд. Нақши дигари бомуваффақияти Турман нақши зани Генри Миллер дар филми Филипп Кауфман "Генри и Джун" /Henry & June, 1990/ буд. Дар солҳои минбаъда ҳунарпеша дар чандин филмҳо, аз қабили (англ. "Robin Hood") (1991), (англ. "Final Analysis") (1992), (англ. "Jennifer 8") (1992), (англ. "Mad Dog and Glory") (1993), (англ. "Even Cowgirls Get the Blues") (1994) нақш офарид, вале ягонтои онҳо он қадар комёб нагардиданд. Иштирок дар филми (русӣ: "Криминальное Чтиво") дар пешаи ҳунарии Турман як такони бузурге буд. Филм яке аз беҳтарин лоиҳаҳои солҳои 90-ум гардид ва он коргардону ҳунарпешагони иштироккардаро ба қуллаҳои нави шуҳрат баровард. Филми (русӣ: "Криминальное Чтиво") Тарантиноро чун коргардони барҷастаи солҳои 90-ум машҳур гардонид, шуҳрати гумшудаи Траволтаро барқарор сохт, ба Брюс Уиллис иҷозат дод, ки ба мунаққидон ҳунарашро нишон диҳад ва ба Ума Турман номинатсияро ба Оскар чун "Барои нақши дуюми беҳтарини занона" овард.

Соли 1997 ҳангоми банаворгирии филми (русӣ: "Гаттака"), Турман бо ҳунарпеша Итан Ҳоук шинос мешавад ва онҳо пас аз як сол хонадор мешаванд.

Охири солҳои 90-ум дар карйераи Турман даврони нокомиҳои зиёд буданд. (русӣ: "Бэтмэн и Робин"), (русӣ: "Мстители") ва (русӣ: "Отверженные") ба тамошобинон писанд наомаданд ва аз тарафи мунаққидон баҳои ниҳоят манфӣ гирифтанд. Соли 2000 ба экранҳо ду филм бо иштироки ҳунарпеша - русӣ: "Золотая Чаша" (англ. /The Golden Bowl/) ва русӣ: "Ватель" (англ. /Vatel/) бо ҳамроҳии Жерар Депардйе баромаданд. Филми аввал дар Фестивали Канн дар соли 2000 иштирок кард ва аз тарафи мунаққидон баҳои хуб гирифт. Нақшҳои Ума дар (русӣ: "Пленка") /Tape/-и Ричард Линклейтер ва дар филми - "Chelsea Walls", ки коргардонаш шавҳараш буд, аз сабаби ба миқдори кам баромадани филмҳо он қадар машҳур нагардиданд. Аммо иштирок дар филми телевизионии (англ. "Hysterical Blindness") ба Ума Ҷоизаи Глобуси тиллоиро дар номинатсияи "Беҳтарин нақши занона" овард.

Сенарияи филми нави худро Тарантино махсус барои Ума Турман навишт ва ҳатто овозаи ҳомиладор будани ҳунарпеша нақшаҳои коргардонро дигар карда натавонист. Тарантино лоиҳаро мавқуф гузошт, то даме ки ҳунарпешаи дӯстдоштааш боз имконияти нақшофариниро пайдо накард. Интизорӣ ба Ума Турман беҳуда набуд. Филми (русӣ: "Убить Билла") комёб гардид ва ба коргардон шуҳрати пешинаашро бозовард. Шӯҳрати Турман низ баъд аз ин филм афзуд.

То соли 2005 Турман аллакай ба яке аз беҳтарин ҳунарпешаи студияи синамои Ҳолливуд (ИМА) мубаддал гашт. Ҳаққи хидмати ӯ барои иштирок дар як филм ба ҳисоби миёна 12.5 $ миллион доллари ИМА $ аст. Дар баробари муваффақиятҳояш дар соҳаи синамо, Ума Турман модели машҳур низ мебошад. Ширкати атриётии Lancôme соли 2005 ӯро чун симои худ интихоб карда, чандин намуди маҳсулоти хешро ба номи ӯ гузошт (онҳо танҳо дар Осиё фурӯхта шудаанд).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

⚙️ Ҳунарпешагони ИМА
Леонардо ДиКаприо • Морган Фриман • Энтонӣ Ҳопкинс  • Зак Эфрон  • Жан-Клод Ван Дамм • Силвестер Сталлоне  • Стивен Сигал • Уилл Смит • Арнолд Швартсенеггер • Тобӣ Магуайр  • Том Круз • Долф Лундгрен • Ҷет Ли • Брюс Ли • Ҷеки Чан • Орландо Блум • Патрик Стюарт • Хю Ҷекман • Крис Эванс • Бред Пит • Ҷоннӣ Депп • Николас Кейҷ • Бен Аффлек  • Киану Ривз • Дэвид Духовни  • Мэрилин Монро   • Елизабет Тайлор   • Мэрил Стрип   • Ким Бейсингер   • Сандра Баллок   • Ума Турман   • Милла Йовович