Умедахон Абдуллоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Умедахон Абдуллоева

Умедахон Абдуллоева (тав.с.14.02.1984, ноҳияи Ҳисор) — номзади илмҳои филология.

Хатмкардаи ДДМТ (2007) ва аспирантураи ДМТ (2010). Котиби илмии назди муовини ректор оид ба илм (2011) ва аз моҳи сент. с. 2011 котиби илмии Шӯрои олимони ДМТ, ҳамзамон ассистенти кафедраи усули таълими забон ва адабиёти тоҷик будааст. Аз 21 майи с.2014 инҷониб муовини раиси ноҳияи Ҳисор мебошад. Рисолаи номзадии худро дар мавзӯи "Билингвизми бадеӣ дар эҷодиёти Садриддин Айнӣ (дар мисоли қиссаи «Марги судхӯр») соли 2011 дифоъ намудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 81