Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Умеди Султонзод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Умедҷон Султонзод
тоҷикӣ: Умедҷони Султонзод
Ном ба ҳангоми таваллуд Умедҷони Султонзод
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон Тоҷикистон
Касб ҳунарпешаи театр ва синамо, коргардон
Солҳои фаъолият 2003 — то имрӯз
Самт коргардонии телевизионӣ

Умедҷон Султонзод (машҳур ба Умеди Султонмурод; тав. 11 майи 1982, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, коргардони телевизион.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Умедҷони Султонзод 11 майи соли 1982 дар ноҳияи Ҳисор дар оилаи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султонмурод Бобомуродзода ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби №15-и ноҳияи Ҳисор оғоз карда, соли 1999 мактаби №37-и шаҳри Душанбе-ро хатм намудааст.

Соли 2003 факултаи театри бадеии (шуъбаи актёрӣ) Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода-ро хатм кардааст.

Фаъолияти ҳунарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз хатми донишкада дар соли 2003 ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба кор даъват шуд. Ӯ дар ду марҳала (солҳои 2003–2008 ва 2015–2022) дар ин театри пешсафи кишвар фаъолият карда, нақшҳои гуногун офаридааст.

Нақшҳо дар театр

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • «Ҳомак» — «Бешаи макр»
  • «Муборакхон» — «Фарёди ишқ»
  • «Ҷиян» — «Ҷияни хира»
  • «Нуров» — «Афсонаҳои муйсафед»
  • «Корманди милиса» — «Сиёҳ ва Сафед»
  • «Муфаттиш» — «Ойоро»
  • «Қайс» — «Пизишки Паррон»
  • «Найсонӣ» — «Фирдавсӣ»
  • «Сардор» — «Қиссаи ғамгину рангин»
  • «Шоҳ Пётри 1» — «Кавсан»
  • «Бӯстон» — «Баъди мурдан хоҳ биёӣ хоҳ наё»
  • «Мӯзадӯз» — «Фонусҳо»
  • «Шоҳи Арманӣ» — «Пайкари Миллат»

Дар синамои тоҷик бо офаридани нақшҳои хотирмон дар филмҳои сохти «Тоҷикфилм» ва киностудияҳои хориҷӣ шинохта шудааст. Аз ҷумла, дар филми мазҳакавии «Автобус» (2019) ва драмаи «Баҳори хазонрез» (2022) нақшҳои асосиро иҷро кардааст[1][2].

Филмшиносӣ:

  • «Пой дар гил»
  • «Дили модар»
  • «Симо»
  • «Автобус»
  • «Гарданбанд»
  • «Орзуи рассом»
  • «Баҳори хазонрез»
  • «Рақси зиндагӣ»
  • «Шукрона» (истеҳсоли Эрон)
  • «Уқоб ва Бум»
  • «Гиёҳи сеҳрнок»
  • «Сарбор»

Фаъолияти коргардонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 2009–2010 — коргардон дар идораи Симои «Шабакаи якум».
  • 2012 — саркоргардони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина».
  • Аз марти соли 2023 — коргардони Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе».

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]