Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Умедулло Чориев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Умедулло Чориев
Умедулло Чориев
Умедулло Чориев
Умедулло Чориев
Таърихи таваллуд 20 апрел 1951(1951-04-20) (74 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ математика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Умедулло Чориев (тав. 20.04.1951, ноҳияи Рӯдакӣ) — риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1983), дотсент (1986).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар солҳои гуногун дар муддати 14 сол вазифаи ҷонишини декани факултаи математика оид ба илмро иҷро намудааст. машғулиятҳои лексионӣ ва амалиро ба дараҷаи баланди илмию методӣ ва илмию назариявӣ мегузарад. Аз курсҳои алгебра ва назарияи ададҳо, мантиқи математикӣ, назарияи эҳтимолият, математикаи дискретӣ, системаи ададҳо ва курсҳои махсус дарс мегўяд.

Чориев У. дар солҳои гуногун аъзои Шӯрои диссертатсионии К 737.001.02 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва аъзои Шӯрои диссертатсионии К 047.007.01 назди Институти математика ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, ба 6 нафар унвонҷӯ оппонент буд.

Дар баробари иштироки фаъолона дар раванди таълиму тарбия ба корҳои ҷамъиятӣ низ ширкат варзид. Ў аъзои Шўрои табъу нашри донишгоҳ, аъзои Шўрои илмии факултаю донишгоҳ, куратори гурўҳҳои таълимиро дар солҳои гуногун ба ўҳда дошта, дар тарбияи ҷавонон ҳиссаи арзанда гузоштааст. Барои иштироки фаъолонааш дар ҳаёти ҷамъиятии факулта ва донишгоҳ Чориев У. бо “Ифтихорнома” –ҳо ва “Раҳматнома” –ҳои Раёсати донишгоҳ, бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ №730 аз 22.12.2021 .

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Чориев У. соли 1983 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Суммаи функсияҳои мультипликативӣ бо он ададҳое, ки тақсимкунандаи соддаашон дар интервалҳои муайян мехобанд” дар Донишкадаи омўзгории шаҳри Маскав ба номи В.И. Ленин бомуваффақият дифоъ намуда, сазовори номзади илмҳои физикаю математика гардид. Ў муаллифи 46 номгўи китобҳои дарсӣ , васоити таълимию , буда, аз ин 42 номгӯи китобаш ба забони давлатӣ навишта шуда, писанди кулли талабагон, донишҷўёну омўзгорон гаштааст. Дар баробари ин бо корҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва илмию методӣ фаъолона машѓул буда, зиёда аз 250 корҳои илмӣ ва илмӣ–методӣ нашр намудааст. Дар конфронсҳо ва симпозиумҳои байналхалқӣ (Маскав 1982, Тбилиси 1985, Минск 1989, Тошканд 1990) ва ҷумҳуриявӣ бо мавзўъҳои илмӣ баромад намудааст. Донишҷўён ва магистрҳои зиёдро ба кори илмӣ ҷалб намуда, бо 16 нафарашон ҳамчун ҳаммуаллиф мақолаҳо чоп кардааст.

Соли 2005 бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаммуаллифӣ китоби дарсии «Алгебра» – ро барои хонандагони синфҳои 10 ва 11 аз чоп баровард. Соли 2021 бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаммуаллифӣ китоби дарсии “Алгебра ва назарияи ададҳо” , қисми 1 (21,25 ҷ.ч.) ва қисми 2 (20,25 ҷ.ч.), барои донишҷўёни факултањои математика, физикаи донишгоҳ ва донишкадаҳои омўзгорӣ ва инчунин коллеҷҳои омўзгорӣ аз чоп баровард.

  • Бо нишони «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №11\9 аз 29.11.1991 мушарраф гардидааст
  • Бо медали ҷашнии “ДДОТ ба номи С.Айнӣ – 90 сол” мукофотонида шудааст.
  • Соли 2021 дар озмуни “Олими сол” равияи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи якум созовор шуд.
  • Алгебра ва назарияи ададҳо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., Қ. 1 – 1983; Қ. 2 – 1986;
  • Элементҳои мантиқи риёзӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1994;
  • Системаи нобаробариҳои хаттӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1994
  • Лекцияҳо аз алгебраи хаттӣ бо геометрия ( васоити таълим барои факултетҳои физика ва математика). Д., 1995.
  • Элементҳои назарияи эҳтимолият, Қисми 1 ( барои донишҷўёни факултаи математика ва физика). Д., 1999.
  • 10- синфда геометриядан масалалар ечиш. Д., 2001.
  • Алгебра. (барои синфҳои 10-11). Д., 2006.
  • Корҳои назортӣ ва нишондодҳои методӣ аз алгебра ва назарияи ададҳо. Д., 2008.
  • Ҳалли масъалањо аз математика. Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2008.
  • Ҳалли масъалаҳо аз тригонометрия. Д., 2008.
  • Ҳалли нобаробариҳо. Д., 2009.
  • Ҳаллимисолњо доир ба ёфтани масоҳати фигураҳои бо хатҳњо маҳдуд. Д., 2010.
  • Масъалаҳои олимпиадаи математикӣ. Д., 2010.
  • Алгебра ва назарияи ададҳо. Қисми 1 ва қисми 2.(бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2021
  • Суммирование мультипликативных функций по числам, простые делители которых лежат в заданных интервалах. Д., 2021