Унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон - унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба артистон, режиссёрон, дирижёрон, консертмейстерҳо, балетмейстерон, кормандони эҷодии театрҳо, кино, телевизиону радио, филармония, сирку ансамблҳо, дастаҳои ҳунарӣ, мусиқинавозоне (мутрибоне), ки маҳорати баланди иҷрокунандагӣ дошта, дар рушди санъати Тоҷикистон, дар тарбияи насли эҷодӣ саҳми арзанда гузоштаанд, аз рўи ихтисос 15 сол ва бештар кор кардаанд ва чун қоида, бо ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, дода мешавад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба ҷойи унвони фахрии замони шӯравӣ Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (ё ин ки "Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон" соли 1939)[2] ҷорӣ карда шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Моддаи 20.. 26 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
  2. Энсиклопедияи советии тоҷик, Ҷилди 1.(А - Гавҳар) - Душанбе,1978, - с. 246.