Jump to content

Уранинит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Уранинит
Формула Аз UO2 то U3O8
Физические свойства
Цвет Коричнево-чёрный, серый, чёрный
Цвет черты Коричнево-чёрная
Блеск Полуметаллический, жирный
Прозрачность Почти непрозрачен
Твёрдость 5—6
Спайность Несовершенная по {111}
Излом раковистый
Плотность 6,5—10,95 г/см³
Сингония Кубическая

Уранинит (аз лот. uranium — уран) — минерал, оксиди беоби уран. Формулаи идеалиаш UO2.

Таркиби физикию шимӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамаи уранинитҳои табиӣ ғайр аз UO2 инчунин UO3 доранд. Системаи кристалибандиаш кубӣ. Ба шакли куб, октаэдр ва массаҳои зич дучор меояд. Сахтиаш 5—6, зичиаш 8—10 г/см3 (аз они настуран 6—9,2 г/ ам3). Рангаш сиёҳи ҷилодор. Ниҳоят радиоактивист. Навъҳои уранинит: худи уранинит, настуран ва қурми уран. Худи уранинит шакли аниқи кристаллӣ дорад. Он дар ҳарорати баланд ҳосил шуда, дар пегматитҳо, инчунин дар конҳои гидротермалӣ, скарни ва дохили ҷинсҳои таҳшинӣ дучор меояд. Якҷоя бо торианит ва иттирийсерианит қатори изоморфӣ ташкил медиҳад. Настуран аз агрегатҳои ниҳонкристаллии колломорфӣ иборат аст. Асосан дар конҳои пастҳарорати гидротермалӣ ва таҳшинӣ дида мешавад. Қурми Уран ба шакли агрегатҳои ковоки хокамонанд дар конҳои гидротермалии сулфиду урандор ва конҳои таҳшинӣ вомехӯрад. Таркиби аксари уранинитҳо маҳсули коҳиши урану торий (К, Ас, Ро, Не, Рb), инчунин Са ва Zn доранд. Уранинит дар зонаи оксидшавӣ тез тағйир меёбад. Навъҳои гуногуни уранинит асоси маъданҳои уран мебошанд.

Конҳои калонтаринаш дар Канада, ШМА, Африка, Австралия, Франсия мавҷуданд.