Урфии Шерозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Урфии Шерозӣ
Тахаллусҳо: Урфӣ
Таърихи таваллуд: 1556
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: сентябри 1591
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Урфии Шерозӣ (форсӣ: مولانا محمد بن خواجه زین‌الدین علی بن جمال‌الدین شیرازی‎) — аз шоирони форсизабони Ҳиндустон. Яке аз намояндагони сабки ҳиндӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Урфии Шерозӣ Падари Урфи яъне Хоҷа Зайниддин Алӣ пешвоӣ ҳумаи шаҳри Шероз ва ё доруғаи он шаҳр буда Ҷамолуддин дар соли 963 дар он шаҳр ба дунё омад ва ҳамон ҷо ба касби адаб ва баъзе муқаддамоти улуми пардохт ва ба қадри васеъ аз мусиқӣ адвор вақф ёфт ва дар хатти насх маҳорат ба даст овард ва ба шеър таваҷҷуҳ кард ва оғози маҷолисат бо шоирон намуд ва ҳамаи ин ҳолҳо дар ҳадосати син барояш фароҳам омад ва аз ҳамон авон низ ба сурудани ашъори худ пардохт ва тахаллуси (Урфӣ)-ро аз ҳамон замон ихтиёр намуд. Навиштаанд чун соли умраш ба бист расид облаи саршоре баровард, ба наҳве, ки баъд аз он тағйире дар чеҳраи ӯ ба ҳам расид ва ин ҳамон балое аст, ки Тарҳии Шерозӣ дӯст ва ҳам маҳфили Урфӣ онро (Обилаи франк) номида ва Холуӣ Урфӣ сабаби берун рафтани Урфирро аз Шероз ҳамин зиштии орази вай дониста ва гуфта аст, ки ӯ сахт аз ин амр озурдахотир буд ва аз ғуруре, ки дар сар дошт аз Ватан хориҷ шуд ва ба Ҳиндустон рӯй ниҳод. Урфӣ то соли 989 яъне то бисту шаш солагиро дар зодгоҳи хеш гузаронид ва дар ин фосила дар шоири саромада ва дар шаҳру диёри худ шуҳрате ба ҳам расонда ва бо шоирон маровада ёфта буд. Яке аз маҳфилҳои адабии Шероз, ки Урфӣ дар он ҳузур меёфт, дукони тарроҳии Мир Маҳмуд Тарҳии Шерозӣ (996 ҳ) буд, ки маҳалли иҷтимои шуарои он замон аз қабили Ғайрати Шерозӣ, Орифи Лоҳиҷӣ, Қайдии Шерозӣ ва дигарон. Урфӣ хоҳ бар асари озурдагӣ аз обилаи рӯй ва хоҳ дар ҷустуҷӯӣ ному нон, аз Шероз берун рафт ва қасди диёри ҳинд кард ва аз роҳи бандари ҷурун дар соли 990 ҳ ба Дакан расид ва онҷо ба фатҳпур Сигарӣ, мақри Ҷалолиддин Акбар подшоҳ рафт ва чун шоҳ дар пойтахт ба сар намебурд, Урфӣ ногузир бар Файзӣ Маликушшуарои Ҷалолуддин Акбар ворид шуд ва он шоири бузург ӯро ба гармӣ пазируфт ва ин ду чандгоҳе бо якдигар мусоҳибат доштанд то онки Файзи ӯро бо ҳаким Масеҳуддин Абулфатҳи Гелонӣ ошно кард ва Урфӣ ӯро дар қасидае студ вап аз он пас то поёни ҳаёт он марди донишманд ва адабдӯст яъне то соли 997 аз ситоиши ӯ даст боз надошт. Ҳаким Абулфатҳ ҳам ба навбаи худ ӯро бо Мирзо Абдураҳимхон Хонон сипаҳсолори адабпарвар Ҷалолуддин Акбар ошно намуд ва бар он дошт то қасидае дар ситоиши ӯ бисароид. Пайдост, ки ҳадосати синни Урфӣ чун бо фасоҳату забоноварӣ ва донишу сухангустарии ӯ ҳамроҳ шуд ҳам мояи рашки ину он гашт ва ҳам муҷиби ғурур ва худбинии шоир, вагарна аз миёни муосирони ӯ ҳастанд касоне, ки вайро ба таҳзиби ахлоқ ва неку табиати сутуда бошанд. Бо мутолиаи шеъри Урфӣ хоса қасидаҳояш вуруди ӯ дар муқаддимоти илми пизишкӣ ва мантиқу ҳикмат ошкор мешавад. Урфӣ ба шеваи устодон муқаддам аз истилоҳҳо ё фарниҳодҳои илмиаш боис шуд, ки шарҳҳое ба қасидаҳои вай навишта шавад монанди шарҳе, ки Мирзоҷони Номӣ ба исми “Мифтоҳ-ул-нукот” ба соли 1073 навишт. Аммо нуктаи муҳимтар дар қасидаҳои ӯ равонии онҳост. Шуҳрати Урфӣ дар қасидасозӣ ба чанд сабаб аст: 1. Ба иллати тавоноии дар татабуи шеваи устодони пеш аз худ. 2) ба сабаби тавонои дар овардани сухани равон ва холӣ аз такаллуф ва дар ҳамон ҳол мунтахаб ва устувор ҳамроҳ бо нозук хаёлиҳо ва мазмунёбиҳое, ки баъд аз ӯ мояи кори бисёре аз шоирони асотид гардид. 3) барои гунҷонидани андешаҳои илмӣ ва нуктаҳое, ки метавон аз он истихроҷ намуд дар қасида ва истифода аз иттилооти худ дар халқ мазмунҳои дақиқи ҷадид.

Мероси адабӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Урфӣ дар ҳаёти худ куллиёте аз қасида, ғазал, қитъа ва рубоӣ ба соли 996 тартиб дод вале гирдоварии ниҳоии девонаш дар ҳаёти ӯ анҷом нашуд. Куллиёти Урфӣ чанд бор дар ҳинд ва як бор дар Теҳрон шомил: рисолаи нафсия, қасоид, тарҷеъбанд, таркиббанд, ғазалиёт, рубоиёт, соқинома ва маснавиёт чоп шуд. Рисолаи нафсияи Урфӣ ба насри форсӣ ва дар бораи тасаввуф аст.

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамоате, ки зи номусу ном мегуфтанд,
Ба дайр дӯш зи мастиву ҷом мегуфтанд.
Биё бубин, ки чи фатво диҳанд дар мастӣ,
Ҳамон гурӯҳ, ки майро ҳаром мегуфтанд.
Фиғон, ки ҷумла фитоданд дар шиканҷаи дом,
Касон, ки айби асирони дом мегуфтанд.
Ба тавфи каъба шунидам зи сокинони ҳарам,
Ки аҳли дайри муғонро салом мегуфтанд.
Ба саҳни дайр шунидам зи зоирони санам,
Ҳамон, ки бар дари байтулҳаром мегуфтанд.
Румӯзи оташи Мусо, ки бараҳман бишкофт,
Зи аҳли дин нашунидам, ки хом мегуфтанд.
Тамом буд ба як ҳарф хатму мо ғофил,
Ҳикояте, ки ҳама нотамом мегуфтанд.
Ба каъба сад раҳ наздику дур дидам лек,
Бигӯ, ки савмаъа дорон кадом мегуфтанд.
Фиғон зи табъи ту Урфӣ, ғалат ҳаме гуфтанд,
Суханварон, ки туро хуш калом мегуфтанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷилди дуввум. Саҳ-303, интишороти Фирдавс. 1391 Тироз. Таълифи доктор Забеҳулло Сафо