Уршалим
Уршалим | |||
|---|---|---|---|
| ибрӣ: ירושלים ар. القدس ар. أورشليم | |||
| | |||
|
|||
| Кишвар |
|
||
| Роҳбар | Moshe Leon[d] | ||
| Таърих ва ҷуғрофиё | |||
| Таърихи таъсис | ҳазорсолаи 4 то м. | ||
| Масоҳат |
|
||
| Баландӣ | 754 м | ||
| Вақти минтақавӣ | UTC+02:00 ва UTC+03:00 | ||
| Аҳолӣ | |||
| Аҳолӣ | |||
| Шиносаҳои ададӣ | |||
| Рамзи ISO 3166-2 | PK-IS | ||
| Коди телефон | 2[2] | ||
| Нишонаи почта | 91000–91999[3] | ||
| Вебгоҳи расмӣ(ибрӣ) | |||

Байтулмуқаддас ё Уршалим (ибрӣ: ירושלים), ё Қудс (арабӣ: القُدس) — шаҳр дар Исроил ва Фаластин (Қудси Шарқӣ). Байтулмуқаддас дар байни ду баҳр, Баҳри Миёназамин ва Баҳри Мурда, ҷойгир шудааст. Аз қадимитарин шаҳрҳои ҷаҳон[4] дар доманаи ҷиболи ал-Халил ва низ пойтахти билфеъли Исроил аст, ки ба сурати қонунӣ, бахши ғарбии он мутааллиқ ба Исроил ва бахши шарқии онки дар ишғоли Исроил аст[5], ба давлати Фаластин тааллуқ дорад, аммо аз лиҳози байналмилалӣ, ин шаҳр, ба сурати густурда, ба унвони пойтахти Исроил ё Фаластин, ба расмият шинохта нашудааст. Бахш бостонии ин шаҳр, ба далели вуҷуди биноҳои таърихӣ-мазҳабии муҳим, аз назари адёни иброҳимӣ - яҳудият, масеҳият ва ислом муқаддас дониста мешавад. Ҷамъият Иерусалим дар соли 2022 беш аз 980٬000 нафар ва масоҳат он, 125٫1 километри мураббаъ аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи ин шаҳр дар забони ибрӣ Ирушалойим ва дар забони арабӣ Қудс аст[6]. Аз дигар номҳои ин шаҳр метавон ба Ҷурусалам, Иерусалим ё Байтулмуқаддас ишора кард. Номи Иерусалим бар хилофи ончи мумкин аст, ба назар меояд, ки тавассути иброниён бар шаҳр ниҳода нашудааст, балки асли авгоритӣ дорад. Албатта забони авгоритӣ ҳам монанди забони ибрӣ аз забонҳои cамӣ аст. Ном аслии шаҳр қабл аз вуруди ибронён Аврошолимум ё Аврошолиму ба маънои бунёди Шалим буд. Шалим яке аз худоёни авгоритӣ аст. Баъдҳо иброниён ин номро тағйир надоданд, зеро Иерусалим дар забони ибрӣ ба маънои «шаҳри сулҳ» мешуд. Аз нигоҳи дастури забони ибрӣ, ин калима аз ду бахш «иур» ба маънии шаҳр ва «шалим» ба маънии сулҳ ва дӯстӣ аст[7].
Дар бисёре аз мутуни куҳани назму насри форсӣ аз ин шаҳр бо номи Байтулмуқаддас ёд шудааст ва бино ба гуфтаи Фирдавсӣ, номи ин шаҳр дар забони паҳлавӣ, Гангдиж Ҳухт будааст:
Ба хушкӣ расиданд сари кинаҷӯё,
Ба Байтулмуқаддас ниҳоданд рӯй,
Ки бар паҳлавонӣ забон ронданд,
Ҳаме «Гангдижи ҳухт»-аш хонданд.
Ба тозӣ кунун «хонаи пок» хон
Бароварда айвони Заҳҳок дон[8]
Сиёсати расмии давлати Исроил, илзом медорад, ки Урушалима, ки ҳамреша номҳои ибрӣ ва англисӣ аст, дар канори ал-Қудс ба сурати Урушалиима-ал-Қудс ба кор биравад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Центральное статистическое бюро Израиля — 1949.
- ↑ http://dialcode.org/Asia/Israel/
- ↑ http://www.geopostcodes.com/Jerusalem
- ↑ One moment, please.... alt-arch.org. 24 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ در مورد بیت المقدس در ویکی تابناک بیشتر بخوانید. www.tabnak.ir. 24 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ چرا بیتالمقدس اینقدر مهم است؟(форсӣ). BBC News فارسی (19 ноябри 2014). 24 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ The amazing name Jerusalem: meaning and etymology(англ.). Abarim Publications. 24 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Wayback Machine. www.jerusalem.muni.il. 24 сентябри 2025 санҷида шуд.
| Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |