Уэйн Гретски
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Лақаб | The Great One |
Кишвар | |
Тахассус | ҳокейи рӯи ях[d][3] |
Бошгоҳ | Indianapolis Racers[d], Edmonton Oilers[d], Los Angeles Kings[d], St. Louis Blues[d], New York Rangers[d], Peterborough Petes[d] ва Sault Ste. Marie Greyhounds[d] |
Зодрӯз | 26 январ 1961[1][2] (63 сол) |
Зодгоҳ | |
Қад | 184 сантиметр |
Вазн | 84 кг |
Вебгоҳи расмӣ(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Уэ́йн Ду́глас Гретски (англ. Wayne Douglas Gretzky; зод. 26 январ 1961[1][2], Brantford[d], Унторию) — хоккейбози Конодогӣ, ҳуҷумкунандаи марказӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз 6-солагӣ хоккейбозӣ кардааст; аз соли 1978 ҳунарнамоӣ дар дастаи «Эдмонтон Ой-лерз» ва аз соли 1976 дар Лигаи миллии хоккей (NHL)-и Конодо. Дар ҳайати он солҳои 1984, 1985, 1987, 1988 барандаи Ҷоми Стенли шуд. Пас аз тарки «Эдмонтон Ойлерз» дар дастаҳои «Лос-Анҷелес Кингз» (1989-96) ва «Ню-Йорк Рейндҷерс» (1996-99) ҳунарнамоӣ кард. Дар чандин мусобиқа бо ширкати «Тамоми ситораҳо»-и Лигаи миллии хоккейи Конодо ҳунарнамоӣ кардааст. 61 маротиба дар ҳайати дастаи мунтахаби Конодо бозӣ карда, ба дарвозаи рақибон 34 гол задааст. Дорандаи медалҳои биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон дар солҳои 1978, 1992. Солҳои 1984, 1987, 1991 ғолиби мусобиқаи Ҷоми Конодо. Барандаи ҷоизаи тилоии Бозиҳои олимпӣ (1998). Дар хоккейи Конодо маҷмӯан 61 рекорд нишон додааст. Дар 21 мавсими хоккейи ҳирфаӣ 1075 гол зада, 2299 партофта (пас)-и самарабахш додааст. Нуҳ бор ҷоизаи «Ҳорт Трофи» (барои арзишмандтарин бозигари мав-сим) ва даҳ бор ҷоизаи «Арт Росс Трофи» (барои беҳтарин голзан)-ро гирифтааст. Аз соли 2002 — мураббӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ https://www.eurohockey.com/player/497268-.html (ингл.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гретски Вийн Дуглас // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.