Фазлидин Икромов
Фазлидин Икромов | |
|---|---|
| Икромов Фазлидин Маҳмазоитович | |
| Таърихи таваллуд: | 12 июл 1966 (59 сол) |
| Зодгоҳ: | ноҳияи Лахш, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ: |
|
| Таҳсилот: | Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон(1988) |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
| Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
| Ҳизб: | Ҳизби аграрии Тоҷикистон |
| Навъи фаъолият: | Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Фазлидин Икромов (Икромов Фазлидин Маҳмазоитович тав. 12 июли соли 1966 дар ноҳияи Лахш ҶШС Тоҷикистон) — олим, арбоби давлатии тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фазлидин Икромов 12 июли соли 1966 дар ноҳияи Лахш дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Солҳои 1974 – 1983 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба номи А. Навоии ноҳияи мазкур таҳсил намудааст. Соли 1983 ба факултаи зооинженерии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба ном Ш.Шоҳтемур) шомил гардида, онро соли 1988 бомуваффақият хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ ҳамчун мутахассиси лаёқатманд ба Институти илмию таҳқиқотии чорводории (илмҳои бойторӣ) Тоҷикистон ба кор фиристода шуда, дар вазифаи мутахассиси калон, солҳои 1989 – 1992 дар аспирантураи рӯзона таҳсил намуд. Аз соли 1992 ба ҳайси ходими хурди илмӣ, соли 1993 ходими илмӣ ва аз соли 1999 ходими калони илмӣ дар муассисаи номбурда фаъолият намуд. Аз рӯи натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ, рисолаи номзадиро соли 1998 оид ба самти илмҳои бойторӣ дифоъ намуд, ки аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Руссия тасдиқ гардидааст. Соли 2000 ба вазифаи мудири шуъбаи иттилоот ва тарғиботи илмию техникӣ, солҳои 2002 – 2008 ба вазифаи котиби илмии Институти илмию таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон, таъин шуд. Дар ин давра ӯ аъзои Шӯрои илмӣ, комиссияи методӣ, комиссияи озмунӣ ва аттестатсионии институт интихоб гардидааст.
Икромов Ф. М. аз 2 майи соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №215 ба вазифаи директори Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2015 дар ин вазифаи пурмасъул фаъолият намудааст. Дар ин муддат барои тарҳрезӣ, ҳамоҳангсозии мавзӯъҳои илмӣ ва рушди таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи чорводорӣ, ҷалб ва тарбияи олимони ҷавони соҳа саҳмгузорӣ кард. Дар таҳия ва баррасии як қатор барномаҳои давлатӣ оид ба рушди бахшҳои соҳаи чорводорӣ, инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ фаъолона иштирок намуд, ки ин барномаву санадҳои муҳим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, барои таҳкимбахшии соҳа дар ҷумҳурӣ мусоидат намудаанд. Икромов Фазлидин аз 22 майи соли 2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 335 ба вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2018 дар ин вазифа фаъолият намудааст. Аз 16 октябри соли 2018 ба вазифаи саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин шуда, дар ҳамоҳангсозии фаъолияти илмию таълимии муассисаҳои Академия саҳми арзанда дорад.[1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Икромов Ф. аз рӯи натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ, муаллифи 68 мақолаву корҳои илмӣ, аз он ҷумла ҳаммуаллифи чунин асарҳои илмии соҳавӣ: «Барномаи илмию техникӣ оид ба офаридани ҷинсу зотҳои нави чорво дар Тоҷикистон» (с.1996 ), «Саҳми олимон дар рушди илми чорводорӣ» (с. 2000 ), «Асосҳои илмӣ ва амалии баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, парранда ва занбӯри асал» (с.2007), «Низоми илмии пешбурди кишоварзии Тоҷикистон» (с. 2009), «Дастуру тавсияҳо оид ба рушди чорводорӣ дар Тоҷикистон» (с.2010), «Низоми илмии пешбурди соҳаи чорводории Тоҷикистон» (с.2019), «Фаъолияти илмиии Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигари муассисаҳои комплекси агросаноатии Тоҷикистон», (солҳои 2018 ва 2019), инчунин панҷ тавсияномаву дастурамалҳои илмӣ оид ба масъалаҳои селексия ва технологияи чорводорӣ, соҳаҳои гӯсфанду бузпарварӣ ва стандардҳои миллӣ оид ба баҳодиҳии зотҳои чорво мебошад. Роҳбарии илмии се нафар унвонҷуёнро ба уҳда дорад.[2]
Фаъолияти ҷамъиятӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳайатҳои гурӯҳҳои мутахассисону олимони кишвар, дар курсҳои бозомӯзии соҳавӣ ва як қатор семинару конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ (дар Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, мамлакатҳои ИМА, Эрон ва Ҷумҳурии мардумии Чин) ширкат варзида, бо баромадҳои илмӣ барои муаррифии дастовардҳои илму истеҳсолоти чорводории кишвар кӯшиш ба харҷ додааст. Барои саҳмгузорӣ дар пешбурди илму истеҳсолоти чорводории ҷумҳурӣ бо якчанд мукофоту ифтихорномаҳои Институти илмию тадқиқотии чорводорӣ (1990, 2000), Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (1998, 2000, 2010) ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999, 2006) сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 2005 аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва ба ҳайати Кумитаи марказии ҳизб шомил мебошад.
Аз 6 марти соли 2020 бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.[3]
2 марти соли 2025 то инҷониб — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.[4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Икромов Фазлидин Маҳмазоитович(тоҷ.). www. majmilli.tj. 25 марти 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Икромов Фазлидин Маҳмазоитович(тоҷ.). www. majmilli.tj. 25 марти 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июни 2023.
- ↑ Икромов Фазлидин Маҳмазоитович(тоҷ.). www. majmilli.tj. 25 марти 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июни 2023.
- ↑ Икромов Фазлидин Маҳмазоитович(тоҷ.). www.parlament.tj. 16 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- Зодагони 12 июл
- Зодагони соли 1966
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Лахш
- Докторони илм
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Олимони Тоҷикистон
- Байторшиносони Тоҷикистон
- Олимони асри XXI
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII