Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Файзалӣ Идизода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Файзалӣ Идизода
Идизода Файзалӣ Фузайлшо
Пешгузашта Маҳмадтоир Зокирзода

Таваллуд ноҳияи Рашт, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Файзалӣ Идизода (зод. 3 январи 1977, ноҳияи Ғарм) — давлатмард ва ҳуқуқшиноси тоҷик, номзади илмҳои ҳуқуқ (2011), майори адлия. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Файзалӣ Идизода 3 январи соли 1977 дар ноҳияи Ғарм дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи № 3-и ноҳияи Ғарм ба шуъбаи рӯзонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1998 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Моҳи сентябри соли 2008 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Бахши ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия дохил шуда, то моҳи июли соли 2011 дар ин муассиса таҳсили илм намудааст.

16 июни соли 2011 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Асосҳои байналхалқӣ-ҳуқуқии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳалли низои мусаллаҳонаи Тоҷикистон» ҳимоя намудааст[1].

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Фаъолияти кориро дар шуъбаи полиси андози гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ба ҳайси таҳқиқотчӣ оғоз кардааст. Соли 2001 ба тариқи гузариш ба мақомоти прокуратура гузашта, то соли 2008 дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ҳарбии минтақаи Қаротегин, воқеъ дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, кор кардааст.

Соли 2011 пас аз хатми аспирантура дар кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент ва муаллими калон ба донишҷӯён аз фанҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи Аврупо дарс додааст.

Аз 6 марти соли 2012 ба вазифаи муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба илм таъйин гардидааст. Аз 9 апрели соли 2013 ба вазифаи муовини декани факултети мазкур оид ба корҳои таълим интиқол шудааст.

Бо фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2013 ба вазифаи муовини ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оид ба таълим таъин гардидааст.

Аз 1 сентябри соли 2014 то 30 сентябри соли 2015 дар вазифаи муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбия ва аз 24 октябри соли 2015 то инҷониб дар вазифаи дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети мазкур кор карда истодааст.

19 январи соли 2018 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 30 июли ҳамон сол дар ин вазифа кор кардааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2018 ба вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» таъин гардида, то 21 январи соли 2020 дар ин вазифа кор кардааст.

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2020 ба вазифаи Сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 4 майи соли 2021 дар ин вазифа кор кардааст.

Аз 6 майи соли 2021 ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ва аз 14 майи соли 2021 ба ҳайси раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Аз 3 марти соли 2025 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

19 марти соли 2025, дар нахустин иҷлосияи парлумони навинтихоб Файзалӣ Идизода раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид. [2].[3].

  1. Раис(тоҷ.). www.parlament.tj. 9 апрели 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июни 2023.
  2. Файзалӣ Идизода кист ва чаро маҳз ӯ раиси парлумон шуд?(тоҷ.). www.asiaplustj. (20 марти 2025). 20 марти 2025 санҷида шуд.
  3. Раис(тоҷ.). www.parlament.tj. 9 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)