Файзалӣ Ҳасанов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Файзалӣ Ҳасанов
Файзалӣ Ҳасанов
Санаи таваллуд

19 июн 1948(1948-06-19) (71 сол)

Зодгоҳ

ноҳияи Шӯрообод , ҶШС Тоҷикистон

Кишвар

 Тоҷикистон

Касб(ҳо)

сароянда, оҳангсози суннатӣ

Файзалӣ Ҳасанов – сароянда, оҳангсози суннатӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Ҳолнома[вироиш]

Файзалӣ Ҳасанов 19 июни соли 1948 дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Аз синфи 8-уми мактаби таҳсилоти умумӣ ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1968 онро бо ихтисоси ғиҷҷак хатм мекунад. Пас аз хатми омӯзишгоҳ соли 1968 ба факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (айни ҳол Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуда, соли 1972 онро бо ихтисоси корҳои маданӣ-маърифатӣ ва муаллими мактаби мусиқӣ ба итмом мерасонад. Соли 1972 бо роҳхати Донишкада ба ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Ҳамадонӣ) баргашта, ба сифати омӯзгор, муовини директори мактаб ва ҳамзамон ҳунарманди Театри халқии ноҳия кор мекунад. Ҳанӯз овони таҳсил дар Донишкада Ф.Ҳасанов дар озмуну фестивалҳои байни донишкадаҳо дар ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, шаҳри Москва ширкат варзида, сазовори ҷоизаву ифтихорномаҳо гардидааст. Тӯли солҳои 1975 – 2004 ба ҳайси роҳбари бадеии Театри халқии ноҳия, роҳбари мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Ҳамадонӣ) фаъолият менамояд. Аз соли 2004 бо даъвати Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари дастаи ҳунарии «Дарё» ба фаъолият шурӯъ менамояд. Айни замон Ф. Ҳасанов ба ҳайси омӯзгор ва сарояндаи ансамбли давлатии «Фалак», омӯзгори Консерватрияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти хешро бурда истодааст. Тӯли фаъолияти эҷодии хеш Ҳасанов Ф. ба кишварҳои Эрон, Афғонистон, Франсия, Россия, Лубнон, Сурия, Қатар, Полша, Германия, Ҳиндустон, Покистон сафарҳои ҳунарӣ намудааст.

Эҷодиёт[вироиш]

Аввалин суруди хешро соли 1970 бахшида ба 100-солагии В.И.Ленин таҳти унвони «Суруди комсомол» эҷод намудааст. Соли 1972 суруди «Савганд»-ро эҷод мекунад, ки он вирди забони ҳамагон гардид. Ф.Ҳасанов бо Театри халқии ноҳия пайванди қавии эҷодӣ дошт ва дар сафарҳои ҳунарии он фаъолона ширкат меварзид. Дар ин давра дар эҷодиёти ӯ сурудҳои лирикӣ дар васфи Ватан – Тоҷикистон эҷод мегарданд, ки онҳо дар хазинаи радио ва телевизион маҳфузанд Ф.Ҳасанов ҳамчун фалакхони сабки роғӣ маъруф аст. Дар ин ҷода ӯ шогирди устод Одина Ҳошим буда, баъди устодаш дар ғазалхонӣ хеле комёб гардидааст.

Сурудҳо:

  • 1980 – «Тоҷики ман зинда бош!», шеъри Ҷамолиддин Каримзода.
  • 1981 – «Ҳалқаи гесӯ», шеъри Пайрав Сулаймонӣ.
  • 1985 – «Шукрона бояд кард», шеъри С. Айюбӣ.
  • 1987 – «Тоҷикистон Ватанам», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
  • 1989 – «Шукронаи Ватан», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
  • 1993 – «Бе хоки Ватан», шеъри С. Айюбӣ.
  • 1993 – «Аз парешонии ҷамъият нигаҳ дорад Худо», шеъри Олимхон Исматӣ.
  • 1994 – «Як дилу як тан шавед», шеъри Н. Сироҷӣ.
  • 1995 – «Зиндагӣ», шеъри Лоиқ Шералӣ.
  • 1996 – «Тоҷикистон», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
  • 1998 – «Ватанамро дӯст медорам», шеъри Ф. Сомонӣ.
  • 2001 – «Модар-Ватан», шеъри Алимуҳаммад Муродӣ.
  • 2003 – «Ман тоҷики деринаам», шеъри Комил Бекзода.
  • 2004 – «Модар», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
  • 2005 – «Баҳория», шеъри Ҳумайнӣ.
  • 2007 – «Меҳри беохир», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
  • 2008 – «Саршори меҳри Ватан», шеъри Лоиқ.
  • 2010 – «Ватандорӣ», шеъри Камол Насрулло.
  • 2010 – «Адаб аст», шеъри Ҷалолуддини Балхӣ.
  • 2010 – «Сеҳри ишқ», ғазали Ҳофиз.
  • 2011 – «Олами ҳастӣ», шеъри Ҳақназар Ғоиб.
  • 2011 – «Миллати тоҷик», бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, шеъри Муҳаммад Ғоиб.

Сарчашма[вироиш]

  • Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.

Пайвандҳои беруна[вироиш]