Файзулло Мирзо
Файзулло Мирзо | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 11 август 1942 |
| Зодгоҳ | ноҳияи Сари Хосор, ҶШС Тоҷикистон |
| Таърихи даргузашт | 11 ноябр 2024 |
| Маҳалли даргузашт | Душанбе |
| Кишвар | |
| Пеша | ҳисобдор, кишоварз, занбӯрпарвар, нависанда |
Файзулло Мирзо (зод. 11 августи 1942, ноҳияи Сари Хосор — 11 ноябри 2024, Душанбе) — ҳисобдор, кишоварз, занбӯрпарвар[1] ва нависандаи тоҷик. Доктори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2025)[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Файзулло Мирзо 11 августи соли 1942 дар хонадони марди деҳқон дар деҳоти ноҳияи Сарихосор ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоии худро дар мактабҳои деҳоти ноҳияи Сарихосор ва сипас дар ноҳияи Москва фаро гирифтааст. Пас аз хатми мактаб, ду сол дар шаҳри Кӯлоб ба ҳайси муаллим фаъолият кардааст. Сипас, таҳсилро дар факултаи иқтисодиёти ягонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин идома дода, онро бо муваффақият хатм намудааст[3]. Баъд аз анҷоми таҳсил, ба ноҳияи Москва баргашта, ба фаъолияти меҳнатӣ шуруъ намудааст.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Файзулло Мирзо падари ҳашт фарзанди соҳиби маълумоти олӣ мебошад.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти касбии худро дар совхози ба номи Саидқул Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳайси сармуҳосиби хоҷагӣ оғоз намуда, дар ташаккули низоми муҳосибӣ ва рушди хоҷагии халқ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ бо расидан ба синни бознишастагӣ низ фаъолияти худро идома додааст ва корҳои ободониро роҳандозӣ намудааст. Ӯ на танҳо мутахассиси шинохтаи соҳаи муҳосибӣ, балки ҳамзамон муҳандисе мебошад, ки тарҳҳои техникиро ба таври мустақил таҳия мекунад.
Кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ баландтарин қуллаҳои кӯҳистон об интиқол дода, дар заминҳои душворгузар боғҳои сабз бунёд намудааст. Боғпарварӣ ва ободкориҳои деҳот яке аз фаъолиятҳои ӯ буда, ӯ дарахтони камёб ва ороишиву мевадиҳандаро ба зодгоҳи худ овардааст. Бо истифода аз пайвандсозӣ ва омезиши илми кишоварзии анъанавӣ бо дастовардҳои муосир, ӯ ба сифати баланди маҳсулот ноил гардидааст.
Занбӯрпарварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Занбӯрпарвариро низ ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодии кӯҳистон ва манбаи даромади устувор, мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо дарки амиқи арзиши гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ ва нақши занбӯрпарварӣ дар экосистемаи табииро ба назар гирифта, таҷрибаи андӯхтаи худро дар шакли як дастури мукаммали илмӣ ба риштаи таҳрир даровардааст[3][1][4].
Ҷоизаву медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ду маротиба дар шаҳри Маскав бо медали «Барои дастовардҳо дар хоҷагии халқи ИҶШС» қадр шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Файзулло Мирзо. Занбӯриасалпарварӣ. — Душанбе, 2024. — 496 с. — ISBN 987-99975-2-339-7[5].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Дар Душанбе китоби «Занбӯриасалпарварӣ»-и Файзулло Мирзо рӯнамоӣ карда шуд. АМИТ "Ховар" (29 октябри 2025). 30 октябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Ташрифулло Саъдуллоев. “ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ”. НАШРИ КИТОБИ СОҲАВӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ(тоҷ.). Ҷумҳурият (5 ноябри 2025). 10 ноябри 2025 санҷида шуд.
- 1 2 Китоби нав. Файзулло Мирзо: «Занбӯриасалпарварӣ». Китобхонаи миллии Тоҷикистон (19 августи 2025). 30 октябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Раҳими Карим. Рӯнамоии китоби Файзулло Мирзо зери унвони "Занбӯриасалпарварӣ". ТВ Душанбе (29 октябри 2025). 13 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ Файзулло Мирзо. Занбӯриасалпарварӣ. – Душанбе: «Ирфон», 2024. – 496 с.(рус.). БИБЛИОТЕКА НАН ТАДЖИКИСТАНА (1 Декабри 2025). 13 феврали 2026 санҷида шуд.