Файзулло Наҷмиддинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Файзулло Наҷмиддинов
Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович
Сурат
Зодгоҳ

деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ

 Тоҷикистон

Ҷоизаҳо

Медали «Хизмати шоиста»
Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995)
Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2013)
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017)

Файзулло Наҷмиддинов (Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович; 5 феврали 1964, деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2013). Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017). Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз соли 2012)

Зиндагинома[вироиш]

Файзулло Наҷмиддинов 5 феврали соли 1964 дар деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1986 Донишкадаи давлатии забон ва адабиёти руси Тоҷикистонро бо ихтисоси «муаллими забон ва адабиёти рус» хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ[вироиш]

Файзулло Наҷмиддинов солҳои солҳои 1981—1994 дар мактабҳои миёнаи № 20, № 22 ва № 47, ноҳияи Файзобод ҳамчун муаллими фанни забон ва адабиёти рус кор кардааст. Баъдан солҳои 1994—2001 мушовири шӯъбаи маорифи ноҳия, солҳои 2001—2007 мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанги дастгоҳи раиси ноҳия, солҳои 2007—2008 мудири шуъбаи иҷтимоиёт, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси ноҳия, солҳои 2008—2011 мудири бахши иҷтимоиёт, фарҳанг ва робита бо чомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ва дар солҳои 2011—2015 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Файзобод[1] кор ва фаъолият кардааст.

Аз апрели соли 2015 инҷониб дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод кор мекунад[2].

Фаъолияти эҷодӣ ва илмӣ[вироиш]

Файзулло Наҷмиддинов муаллифи 4 китоб ва беш аз 250 мақолаҳои илмию оммавии дар рӯзномаву маҷаллаҳо банашррасида мебошад.

Мукофоту медалҳо[вироиш]

  • «Медали ҷашнии 65-солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941—1945»[3]
  • Медали «Хизмати шоиста»[4]
  • «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон»[5]
  • «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»[6]
  • «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»[7]

Осор[вироиш]

Китобҳо[вироиш]

  • Хотира. Д., «Шарқи Озод», 2010.
  • ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., ҶДММ «Эр-граф», 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4
  • Файзобод (Вашгирд) — ёдгори Ориё. Д., ҶДММ «Кондор», 2014.
  • Мафтуни қалам. Д., ҶДММ «Эр-граф», 2016.

Баромад дар конференсияҳо[вироиш]

Байнамиллалӣ
  1. «Асри 21 ва проблемаҳои муҳими тарбияи насли наврас». Душанбе,  2001.
  2. «Тарбияи сулҳдӯстии хонандагон». Душанбе,  2003.
  3. Бахшида ба 3000-солагии Ҳисор. «Зи Балху зи Шукнону Омую Зам». Ҳисор, 2015.
  4. Стратегияи миллии рушди марифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020,  Душанбе, 2017.
Ҷумҳуриявӣ
  1. Бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллӣ. «Ваҳдати миллӣ – кафили сулҳу суботи Тоҷикистон». Душанбе,  2012.
  2. «Тасаввуф ва омилҳои рушду такомули он дар Тоҷикистон». Файзобод, 2014.
  3. «Фаъолнокии сиёсии ҷавонон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ байни ҷавонон». Файзобод, 2014.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Асоси пойдории ҷомеа. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". www.jumhuriyat.tj. 5 январи 2018 санҷида шуд.
  2. Комёбиҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест(тоҷ.). Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. sadoimardum.tj. 5 январи 2018 санҷида шуд.
  3. Фармони Президеити Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.03.2010. №848.
  4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.08.2014. №245.
  5. Қарори коллегияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.02.1995, № 2.
  6. Фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.08.2013, №30-У.
  7. Фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.08.2017, №83-У.