Файз Нормуродов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Файз Нормуродов
Файз Нормуродов
Таърихи таваллуд: 14 август 1944(1944-08-14)
Зодгоҳ: ноҳияи Шаҳритус , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт: 3 декабр 2010(2010-12-03) (66 сол)
Маҳалли даргузашт: ноҳияи Шаҳритус
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: риёзиёт
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо: нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Файз Нормуродов (тав. 14.08.1944, ноҳияи Шаҳритус – ваф. 3.12.2010, ноҳияи Шаҳритус), физики тоҷик, доктори илмҳои физика- математика, профессор.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1966 факултети фазикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1966–1967 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат намудааст. Солҳои 1968– 1970 дар аспирантура таҳсил дошт. Солҳои 1970–1972 ҳамчун муҳаққиқ дар Институти муттаҳидаи тадқиқоти зарравӣ, 1972–1991 ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари Институти физика ва техникаи АИ Тоҷикистон, хамзамон мудири лабраторияи физикаи ҳастаӣ кор кардааст. Солҳои 1991–1997 мудири кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев, аз соли 1998 декани факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи се монография, се китоби дарсӣ ва зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ мебошад. Мақолаҳои ӯ дар ИМА, Бразилия, Ҷопон, Эрон ва Полша ба табъ расидаанд. Дар симпозиуму конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ баромад кардааст. Бо ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]