Факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Факултаи забонҳои хориҷӣ яке аз факултаҳои Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 1956.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият[вироиш]

Моҳи августи соли 1950 25 нафар донишҷӯён аз рӯи ихтисоси «Забони англисӣ» ба факултаи таъриху филология қабул карда мешавандва дар таркиби ин факулта шӯъбаи забони хориҷӣ таъсис меёбад. Аввалин омӯзгорони ин шӯъба Н.А.Алексеева, М.Б. Морозовская, А.С.Пенусянс, В.А.Фертея, В.М.Иванова (Храмова), А.Зокиров ва дигарон буданд. Ин омӯзгорон ба кафедраи забонҳои хориҷӣ, ки соли 1941 чун кафедраи байни факултаӣ таъсис ёфтааст, шомил буданд. Дар ташаккулу инкишофи ин кафедра Н.А.Алексеева ва А.С.Панусянс ва В.М.Иванова (Храмова) саҳми калон гузоштаанд. А.С.Панусянс аз моҳи сентябри соли 1952 то моҳи августи соли 1953 мудири кафедра будааст. Аз моҳи ноябри соли 1953 то моҳи августи соли 1957 хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои хориҷӣ Москав В.М.Иванова (Храмова) ба ин кафедра роҳбарӣ карда, дар рушдунумӯи он меҳнати зиёде кардааст. Аз соли 1954 ба шӯъбаи забонҳои хориҷӣ А.Н.Соловёва, Д.М.Шпринберг, А.М. Михайлов ва дигарон аз Москва, Одесса ва Тошкент ба кор омаданд ва солҳои дароз дар такомул ва пешравии ҷараёни таълим саҳми босазо гузоштаанд.

Бо сабаби васеъ шудани шӯъба моҳи январи соли 1956 онро ба факултаи мустақил табдил доданд. Аввалин декани он А.Зокиров таъин шудааст. Аз моҳи июни соли 1957 роҳбарии ин факулта бар дӯши Д.М.Шпринберг вогузор карда шудааст бо танаффуси кӯтоҳмуддат ба факулта то соли 1987 роҳбарӣ карда омадааст. Факулта дар давоми ин солҳо аз рӯи даҳ ихтисос кадрҳо тайёр карда омадааст: омӯзгори забони англисӣ, омӯзгори забони англисӣ ва олмонӣ, омӯзгори забони олмонӣ, омӯзгори забонҳои англисию арабӣ, омӯзгори забони англисӣ ва модарӣ, омӯзгори забони англисӣ (олмонӣ) ва педагог, бакалавр-филологи забони англисӣ (олмонӣ), омӯзгори забони англисӣ (олмонӣ)-тарҷумон, бакалавр-тарҷумон, забоншинос- тарҷумони англисӣ-тоҷикӣ.

Таҳсил гоҳо чор сола ва гоҳо панҷсола бо се забон (тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ) ҷараён гирифтааст.

Дастпарварони факулта[вироиш]

Деканҳои факулта[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Муаттар Зикриёева иттиҳоми ташкили фоҳишахонаро рад мекунад http://www.ozodi.org/content/former-head-of-foreign-languages-faculty-khujan-univercity-denies-accusations/24946807.html