Факултети педагогии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Факултети педагогӣ (омӯзгорӣ) — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 1973.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият[вироиш]

Факултети педагогӣ (омӯзгорӣ) фаъолияти худро дар сохтори ДДОЛ ба номи С.М.Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) аз соли 1958 оғоз намудааст. Дар давраи аввали фаъолият факултет дар таркиби факултети таъриху филология ҳамчун шӯъба амал мекард. Бинобар зиёд шудани теъдоди донишҷӯён солҳои 1960-1964 факултет дар алоҳидагӣ фаъолият бурда, минбаъд солҳои 1964-1967 дар сохтори факултети физикаю математика, солҳои 1967-1973 дар сохтори факултети таъриху филология ҳамчун шӯъба амал кардааст. Аз соли 1973 то имрӯз факултети педагогӣ дар алоҳидагӣ фаъолият бурда, дар рушду нумӯи таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми донишгоҳ саҳми босазо ва назаррас гузоштааст. Аввалин декани факултет дотсент Тошматов А.Т. буд. Дар давраи мавҷудияти факултет роҳбарии онро шахсони зерин дар ӯҳда доштанд: Неъматов Д. (1958-1960), Тошматов А. (1960-1964, 1973-1990), Курбонов А.М. (1964-1967), Искандаров М. (1967-1971), Охунов Ш. М. (1971-1973), Шаропов Ш. А. (1990-1995, 1998-2008), Каримов С. Б. (1995-1998), Сабуров Х. М. (2008-2011), Абдулфайзова С. Н. (аз соли 2011 то ҳол). Бо баробари таъсиси факултет кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ таъсис ёфт, ки роҳбариашро дотсент Очилов Ҳ. Ғ. ба ӯҳда дошт ва дар он 5 нафар кору фаъолият мебурданд. Аввалин устодони факултет Д. Неъматзода, Ҳ. Очилов, А. Тошматов, А. Ваҳҳобов, А. Самадов, А. Тошматов, Абдуллозода, А. Шодиев, М. Аҳмадов, М. В. Кутин, Х. Қодирқулов, Н. Ғафуров, Р. Ҷӯраева ва дигарон маҳсуб меёбанд. Соли 1962 аввалин 120 нафар шогирдони факултет соҳиби унвони муаллимони синфҳои ибтидоӣ гардиданд. Бо назардошти зиёд гардидани теъдоди донишҷӯён дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона, васеътар гардидани имкониятҳои таълимию тарбиявии факултет, таъсис ёфтани ихтисосҳои иловагӣ дар назди факултет кафедраҳои нав таъсис ёфтанд. Соли 1989 риштаи фанҳои педагогика ва психология алоҳида гардонида шуд, дар асоси он кафедраи нав бо номи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ таъсис дода шуд. Дар рушди кафедра мавқеи таълимӣ ва тарбиявии устодони зерин калон аст: Ҷӯраева Р, Содиқова Р, Икромова Т, Марипов Б, Абдуқодиров А, Зоҳидов А, Шералиев Э, Раҳматов Ҳ, Шарипов Э, Бурҳонов Қ.Т, Кароматуллоев С, Ғаниева Х.

Дастпарварони факулта[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]