Фалакхонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Фалакхонӣ - яке аз шаклҳои санъати ичрокунандагии мардуми кӯҳистони тоҷик (Кӯлобу Бадахшон), ки бо жанри Фалак иҷро мегардад. Фалакхонӣ бисёрқисма, аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Фалакхонӣ дар мактаби устод-шогирд асос мегирад.

Сози асосии фалак думбра буда, созҳои бисёри дигаре дар фалакхонӣ маъмуланд мисли (рубоби бадахшонӣ, сетор, ғижжак, тутик, даф, таблак ва ғ. Бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз ҷумла, Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии «Фалак» ривоҷу равнақ ёфт ва машҳури олам гардид. 20 июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли «Фалак» таъсис дода шуд, ки дар рушду нумуи ин мусиқии нодири мардуми тоҷик аҳмияти хело муҳим дошт ва нақши бориз гузошт. Дар замони мо низ Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии «Фалак» ғамхории зиёд зоҳир менамояд. Бо ташаббуси ӯ 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фалакхонӣ ниқши бориз дорад. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10-уми октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 72-73. – 280 с.