Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фалак (ансамбл)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ансамбли давлатии «Фалак» — дастаи ҳунарии фалаксароёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ансамбли «Фалак» 20 июли соли 1989 бо қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикисон бо роҳабрии фалаксаро Давлатманд Холов дар назди Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуд. Соли 2001 ба Ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд ва Ансамбли давлатии «Фалак» соли 2003 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуд[1]. Ансамбли мазкур тараннумгари мусиқии фолклории халқи тоҷик буда, барои тарғибу ташвиқи фалаксароӣ дар байни мардум ва рушди он амал мекунад.

Мутрибони ансамбл

[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҳбари бадеии ансамбл Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов мебошад. Инчунин, дар ансамбли давлатии «Фалак» ҳунармондон Носир Сафаров, Абдураззоқ Абдуалимов, Сафомиддин Раҷабов, Олим Исоев, Шоҳин Абдуллоев, Сарбон Олимов, Ҷумъахон Раҷабов, Фарзона Шодиева, Фотима Машрабова, Моҳрухсор Набиева, Ибодат Раҷабова, Матлубахон Раҳимова, Шуҳрат Сайнаков, Баҳриддин Беков, Фаридуни Ҳотам, Санои Ҳошим, Панҷшанбе Ҷорубов ва дигарон кору фаъолият менамоянд.[2]

  1. Ансамбли давлатии «Фалак». www.ktr.tj. Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26 августи 2025 санҷида шуд.
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 28 - 29 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2