Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фалсафаи фанноварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Фалсафаи фанноварӣ ё технология (англ. Philosophy of technology) як баррасии андешамандона (тааммулӣ) дар бораи фарзияҳо, арзишҳо, иддаоҳои донишӣ ва паёмадҳост, ки дар офаридан ва амалкардҳои инсон нуҳуфтаанд, махсусан вақте ки одамон абзорҳо, низомҳо ва равандҳоро тарҳрезӣ мекунанд, истифода мебаранд ва ташкил медиҳанд. [1] Он меомӯзад, ки технология чист (берун аз маънои танҳо асбоб будан), бозёфтҳои/артефактҳои технологӣ чӣ гуна тарҳрезӣ ва истифода мешаванд ва технология аз илм ва ҳунар (касбу пеша) чӣ фарқ дорад; ҳамзамон ба саволҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мепардозад, аз ҷумла: оё технология дар баробари арзишҳо бетараф аст, масъулият барои хатарҳои технологӣ чӣ гуна бояд тақсим карда шавад ва технологияҳо рафтори инсон, фарҳанг, муносибатҳои қудрат ва тасаввуроти марбут ба дониш ва агентӣ (қобилияти амал)-ро чӣ гуна шакл медиҳанд. [2]

Баҳси фалсафӣ дар бораи масъалаҳои вобаста ба технология (ё гузаштагони юнонии он techne) ба оғози бисёр барвақти фалсафаи ғарбӣ бармегардад.[3] Ибораи «фалсафаи технология» бори аввал дар охири асри XIX аз ҷониби файласуф ва ҷуғрофидони зодаи Олмон Эрнест Капп истифода шуд, ки китобе бо унвони Elements of a Philosophy of Technology (унвони олмониаш: Grundlinien einer Philosophie der Technik) нашр кард.[4][5][6]

Фалсафаи юнонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Истилоҳи ғарбии «технология» аз вожаи юнонии techne (τέχνη) (санъат ё дониши ҳунармандӣ) меояд ва дидгоҳҳои фалсафӣ дар бораи технологияро метавон то решаҳои худи фалсафаи ғарбӣ пайгирӣ кард. Яке аз мавзӯъҳои маъмули дидгоҳи юнонӣ ба techne ин аст, ки он ҳамчун тақлиди табиат пайдо мешавад (масалан, бофандагӣ аз тамошои тортанакҳо рушд кардааст). Файласуфони юнонӣ чун Гераклит ва Демокрит ин назарро пазируфта буданд.[3] Арасту дар асари Physics-и худ розӣ буд, ки чунин тақлид бисёр вақт рух медиҳад, аммо ҳамчунин баҳс мекард, ки techne метавонад аз табиат ҳам фаротар равад ва «он чизеро ба анҷом расонад, ки табиат наметавонад ба поён расонад».[7] Арасту инчунин далел овард, ки табиат (physis) ва techne аз ҷиҳати онтологӣ ҷудоанд, зеро ашёи табиӣ принсипи дарунии тавлид ва ҳаракат, ҳамчунин иллати ниҳоии телологӣ дарунӣ доранд. Дар ҳоле ки techne аз сабаби берунӣ ва telos-и (ҳадаф ё анҷом) берунӣ шакл мегирад.[8] Ашёи табиӣ барои расидан ба як анҷоме мекӯшанд ва худро бозтавлид мекунанд, дар ҳоле ки techne чунин намекунад. Дар АфлотунTimaeus, ҷаҳон ҳамчун кори як ҳунарманди илоҳӣ (Demiurge) тасвир мешавад, ки ҷаҳонро мувофиқи шаклҳои ҷовидон офарид, ҳамон гуна ки ҳунарманд бо истифода аз нақшаҳо чизҳо месозад. Ғайр аз ин, Афлотун дар Қонун баҳс мекунад, ки кори ҳунарманд тақлиди ҳамин ҳунарманди илоҳист.

Асрҳои миёна то асри XIX

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сэр Фрэнсис Бэкон

Дар давраи империяи Рум ва охири даврони бостон (дерина), муаллифон асарҳои амалӣ навиштаанд, аз ҷумла ВитрувийDe Architectura (асри I то милод) ва АгриколаDe Re Metallica (1556). Фалсафаи схоластикии асрҳои миёна одатан дидгоҳи анъанавии технология ҳамчун тақлиди табиатро нигоҳ медошт. Дар давраи Эҳё, Фрэнсис Бэкон яке аз нахустин муаллифони муосир шуд, ки дар бораи таъсири технология ба ҷомеа андеша кард. Ӯ дар асари утопиявии худ New Atlantis (1627) ҷаҳонбинии хушбинонаро пеш гузошт, ки дар он як муассисаи тахайюлӣ (Salomon's House) аз фалсафаи табиӣ ва технология истифода мебарад, то қудрати инсонро бар табиат густариш диҳад — барои беҳбуди ҷомеа, тавассути корҳое, ки шароити зиндагиро беҳтар мекунанд. Ҳадафи ин бунёди тахайюлӣ «...донистани сабабҳо ва ҳаракатҳои пинҳонии ашё; ва фарох кардани ҳудудҳои ҳокимияти инсон, то анҷом додани ҳама чизи мумкин» мебошад.[citation needed]

Файласуф ва ҷуғрофидони олмонӣ Эрнст Капп, ки дар Техас зиндагӣ мекард, китоби асосии «Grundlinien einer Philosophie der Technik»-ро соли 1877 нашр намуд.[5] Капп аз фалсафаи Ҳегел сахт илҳом гирифта буд ва техника (техника/технология)-ро ҳамчун проексияи узвҳои инсон мешуморид. Дар заминаи аврупоӣ, Каппро ҳамчун асосгузори фалсафаи технология ёд мекунанд.

Як мавқеи дигар, ки бештар материалистӣ буд ва дар фалсафаи технология дар асри XX хеле таъсиргузор гашт, гирди андешаҳои Бенҷамин Франклин ва Карл Маркс шакл гирифт.[citation needed]

Асри XX то имрӯз

[вироиш | вироиши манбаъ]

Панҷ файласуфи барҷастаи аввали асри XX, ки мустақиман ба таъсири технологияи муосир ба инсоният пардохтаанд, иборатанд аз Ҷон Дюи, Мартин Ҳайдеггер, Ҳерберт Маркузе, Гюнтер Андерс ва Ҳанна Арендт. Ҳамаи онҳо технологияро марказӣ барои ҳаёти муосир медиданд, ҳарчанд Ҳайдеггер, Андерс,[9] Арендт[10] ва Маркузе нисбат ба Дьюи дудила ва интиқодӣ-тар буданд. Масъала барои Ҳайдеггер табиати пинҳони моҳияти технология буд — Gestell ё Enframing — ки барои инсон он чизеро ба миён мегузошт, ки ӯ онро бузургтарин хатар ва ҳамзамон бузургтарин имконият меномид. Асари асосии Ҳайдеггер дар бораи технология дар The Question Concerning Technology омадааст. Назарияи Gestell-и ӯ дар андешаи диспозитиф таъсиргузор аст.[11]

Детерминистони технологӣ ба мисли Жак Эллюл бар ин ақида буданд, ки технологияи муосир як нерӯи воҳид, якпорча ва детерминистист ва пиндоштани технология ҳамчун танҳо як асбоб иштибоҳи ҷиддӣ мебошад. Эллюл низоми ҷаҳонии технологияи муосирро ҳамчун чизе мебинад, ки бештар аз ниёзҳои самаранокӣ ва қудрати худ ангеза мегирад, на аз некӯаҳволии инсоният ё якпорчагии биосфера.[12]

Технология ва бетарафӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Детерминизми технологӣ ин андешаро ифода мекунад, ки «хусусиятҳои технология истифодаи онро муайян мекунанд ва нақши ҷомеаи пешрафта мутобиқ шудан ба тағйироти технологӣ ва баҳра гирифтан аз он аст».[13] Дидгоҳи муқобил — детерминизми иҷтимоӣ — ҷомеаро барои «рушд ва ба кор бурдан»-и технологияҳо масъул мешуморад.[14] Лелия Грин бо истинод ба қатли омҳои мусаллаҳонаи ахир, ба мисли қатли ом дар Порт-Артур ва қатли ом дар Данблейн, барои нишон додани интихобии детерминизми технологӣ ва детерминизми иҷтимоӣ истифода мекунад. Ба андешаи Грин, технологияро танҳо дар он сурат метавон як мавҷуди бетараф шумурд, ки заминаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва масъалаҳои гирди технологияи мушаххас канор гузошта шаванд. Дар он ҳолат равшан мегардад, ки миёни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қудрате, ки тавассути соҳибӣ ва истифодаи технологияҳо ба вуҷуд меояд, робита вуҷуд дорад. Мавқеи созгор (компатибилистӣ) миёни ин ду дидгоҳ — мавқеи ҳамтаъсирии технология аст, ки онро Батя Фридман пешниҳод кардааст; бар асоси он, нерӯҳои иҷтимоӣ ва технология якҷоя сохта мешаванд ва ҳамзамон якдигарро тағйир медиҳанд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Pitt, Joseph C. (2011). Doing Philosophy of Technology: Essays in a Pragmatist Spirit. Dordrecht: Springer. pp. xi. ISBN 978-9400735668.
  2. Philosophy of Technology. Stanford Encyclopedia of Philosophy (2009).
  3. 1 2 Franssen, Maarten; Lokhorst, Gert-Jan; van de Poel, Ibo (Spring 2010). "Philosophy of Technology". The Stanford Encyclopedia of Philosophy. http://plato.stanford.edu/archives/spr2010/entries/technology/. Retrieved May 15, 2014. Фалсафаи фанноварӣ
  4. Philosophy of Technology (1995). Section 2, paragraph 10. Published in vol. 13 of the Encyclopedia of Applied Physics (entry "Technology, Philosophy of"), pp. 417–29. VCH Publishers, Weinheim, Germany, 1995.
  5. 1 2
    • Ernst Kapp: Grundlinien einer Philosophie der Technik. Zur Entstehungsgeschichte der Cultur aus neuen Gesichtspunkten (Braunschweig/Brunswick 1877, Reprint Düsseldorf 1978, Engl. Translation Chicago 1978).
  6. Elements of a Philosophy of Technology(англ.). University of Minnesota Press.
  7. Aristotle, Physics II.8, 199a15
  8. Aristotle, Physics II
    1. The Outdatedness of Human Beings 1. On the Soul in the Era of the Second Industrial Revolution. 1956 # The Outdatedness of Human Beings 2. On the Destruction of Life in the Era of the Third Industrial Revolution.
  9. Hannah Arendt, The Human Condition, 1958.
  10. Bird, Greg & Tusa, Giovanbattista (eds.) Dispositif: A Cartography. Cambridge, Massachusetts: MIT Press, 2023.
  11. Technique (en-US). Discipleship & Ethics.
  12. Green, Lelia (2001). Technoculture. Crows Nest, Australia: Allen & Unwin. p. 2.
  13. Green, Lelia (2001). Technoculture. Crows Nest, Australia: Allen & Unwin. p. 3.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барномаи омӯзишӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]