Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фардин Халъатбарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фардин Халъатбарӣ
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 1964
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фардини Халъатбарӣ (форсӣ: فردین خلعتبری; зод. 1964, Навшаҳр, Устони Мозандарон) — мусиқидон ва оҳангсози эронӣ. Узви Конуни оҳангсозони синамои Эрон

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фардин Халъатбарӣ соли 1964 дар Навшаҳр ба дунё омадааст. Вай мусиқиро бо сози флут оғоз кард ва баъд аз интиқол аз риштаи созҳои Донишгоҳи санъатии Шариф ба сӯи мусиқӣ рафт ва дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебо таҳсилоти худро дар соҳаи мусиқӣ идома дод. Шуҳрати ӯ бештар аз ҳама ба далели осораш дар ҳавзаи мусиқии филм аст, махсусан мусиқии серёлҳо ва филмҳое чун «Шаби даҳум», «Мадори сифр дараҷа», «Хушрикоб», сериёли «Шаҳрзод» ғайра.

Аввалин кори вай сохти мусиқии театри «Гурги гургам» ба коргардонии Мусаллам Қосимӣ дар соли 1364 буд[1].

Фардин Халъатбарӣ токунун мусиқии чанд филми синамоӣ ва серёли телевизиюниро сохта, ки аз миёни онҳо метавон ба «Таркишҳои сулҳ», «Ҳамнаафс», «Кайфар», «Гули ях», «Чатре барои ду нафар» ва ғайра ишора кард. Чандин асари телевизиюнӣ ба оҳангсозии ӯ аз ҷумла: «Шаби даҳум» ,"Росташро бигӯ", «Бонуи иморат», «Шаҳрзод», «Шоҳӯш», «Мадори сифр дараҷа», «Ҷейрон» ва ғайра ба гӯши мардум расидааст.

Ӯ бо ду хонандаи маҳбуб Алиризо Қурбонӣ ва Ҳумоюн Шаҷариён низ ҳамкорӣ дошт, ки олбумҳои «Ман ошиқи чашмат шудам» ва «Имшаб канори ғазалҳои ман бихоб» ҳосили ин ҳамкорист.

Ӯ токунун ҳашт мартаба номзади дарёфти «Симурғи булӯрин» беҳтарин мусиқии матни филм дар Ҷашнвораи филми Фаҷр шудааст.

  1. فردین خلعتبری(форсӣ). بیپ تونز (21 августи 2021). 30 Январ 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 марти 2025.