Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фаррух Шарифзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фаррух Шарифзода
Шарифзода Фаррух Ҳомиддин
Таърихи таваллуд 16 декабри 1974(1974-12-16) (51 сол)
Зодгоҳ ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Иттиҳоди Шӯравӣ
 Тоҷикистон

Фаррух Ҳомиддин Шарифзода (зод. 16 декабри 1974, ҶШС Тоҷикистон) — дипломат ва ҳуқуқшиноси тоҷик, Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2024).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаррух Шарифзода 16 декабри соли 1974 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Соли 1997 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва соли 2000 Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русияро бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад. Бо забонҳои русӣ, туркӣ ва англисӣ суҳбат мекунад.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1992—1995 — хизмат дар мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 1995—1997 — хизмат дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 1997—1998 — муовини сардори раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе);
  • 1998—2000 — шунавандаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия;
  • 2000—2005 — котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия (ш. Москва);
  • 2005—2007 — котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия (ш. Москва);
  • 2007—2008 — муовини сардори раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2008—2010 — консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия;
  • 2010—2016 — Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия;
  • 2017—2023 — Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон (ш. Ашқобод);
  • Аз 5 январи соли 2024 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Ратбаи дипломатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дараҷаи дипломатии Сафири фавқулода ва мухторро дорад.