Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фаррух Ҳасанов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Фаррух Ҳасанзода)
Фаррух Ҳасанов
Таърихи таваллуд 20 июл 1998(1998-07-20) (27 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо

Фаррух Ҳасанов (Фаррух Ҳасанзода; зод. 20 июл 1998, Душанбе) — овозхони тоҷик, барандаи озмуни «Ну-ка, все вместе!»-и шабакаи «Россия-1» (2023)[1]. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2023)[2].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаррух Ҳасанов 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчун овозхон нахустин маротиба дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни «Central Asia’s Got Talent» муаррифӣ шуда, маъруф гардид[3].

Фаррух Ҳасанов дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биё, ҳама бо ҳам!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубли русӣ гардид.

Ба ҳунари волои сарояндагии Фаррух овозхонҳои машҳури Русия, аз ҷумла Филипп Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон баҳои баланд доданд.