Аммория

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Фатҳия)
Jump to navigation Jump to search

Аммория, фатҳия, афтаҳия — як фирқаи шиъа, ки муассисаш Абулфазл Аммор ибни Мусои Соботӣ буд.

Пайравони аммория имоматро аз Алӣ ибни Абитолиб то Ҷаъфар ибни Муҳаммад ба таври силсилавӣ пазируфтаанд. Онҳо мӯътақиданд, ки имом баъди Ҷаъфар ибни Муҳаммад писари калонии Ҷаъфари СодиқАбдуллоҳ ибни Ҷаъфар аст. Онҳоро аз рӯи лақаби Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (футҳӣ ё афтаҳ – паҳнпой) футҳия ё афтаҳия низ гӯянд. Муаллифи «Фирақ-уш-шиъа» овардааст, ки Абдулло ибни Ҷаъфар бародаронашро эҳтиром накарда, ҳангоми зинда будани падараш ба ҳашвия майл намуд ва баъди марги ӯ даъвои имомат кард. Аммор ибни Мусои Соботӣ дар охири умраш аз ақидааш роҷеъ ба имомати Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар рӯй гардонда, имомати Козимро пазируфт ва бо ин гузариши имоматро аз бародар ба бародар эътироф намуд. Минбаъд пайравони аммория ба чанд ҷамоа тақсим шуданд. Зурория ( ё таймия) аз ҷумлаи онҳост. Ҳоло аммория чун фирқаи мустақили динӣ фаъолият надорад, баъзе нуқтаҳои ақоидашон дар таълимоти мазҳаби шиъа мушоҳида мешаванд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]