Фатҳуллоҳи Азиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фатҳуллоҳи Азиз
Фатҳуллоҳи Азиз
Таърихи таваллуд: 1 март 1949(1949-03-01) (75 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ҳисор
Навъи фаъолият: нависанда

Фатҳуллоҳи Азиз - нависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1990), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2002).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Фатҳуллоҳи Азиз (Азизов Фатҳулло Неъматович) 1 марти соли 1949 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Пас аз гирифтани маълумоти миёна ду сол муаллими синфҳои ибтидоӣ буда, ғоибона дар факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Сипас ба шуъбаи рӯзона гузашта, солҳои 1968-1973 дар шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики донишгоҳ соҳиби маълумот гаштааст. Аз сентябри 1975 то феврали 1976 муҳаррири редаксияи ҷавонони Телевизиони Тоҷикистон, солҳои 1976-1980 инструктори Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Ҳисор, солҳои 1980-1985 инспектори Кумитаи ноҳияивии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, аз декабри 1985 то ноябри 1992 муҳаррири рӯзномаи «Ҳисори Шодмон» (собиқ «Байрақи ленинизм») будааст. Аз ноябри 1992 то апрели 2012 дар вазифаҳои гуногуни ҳукумати ноҳияи Ҳисор адои хидмат кардааст. Аз марти соли 2012 нафақагир буда, ҳамзамон, дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг»-и Вазорати маорифи ҷумҳурӣ фаъолият дорад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Чакидаҳои хомааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Баҳори Ҳисор», «Падида», «Дурдонаҳои Алмосӣ», «Насими субҳ», «Паёми истеъдод», «Насими Ҳисор», «Таронаҳои водии зарнисор», «Тазкираи адабиёти тоҷик дар садаи бист» чоп шудаанд. Асарҳои алоҳидааш таҳти унвони «Анвори ҳикмат» (2000), «Раҳнаварде дар биёбон» (2002), «Офаридгор ва Инсон» (2003), «Накҳати хаёл» (2003), «Масали зиндагӣ» (2006), «Девонаи ватандӯст» (2009), «Ҷиҳод» (2013), «Таърихи мухтасари Ҳисор» (1992), таърихномаҳои «Ҳисори Шодмон» (ҳамроҳи Зафари Дӯст, 1992), «Некном» (1998), «Аз Сабо то Шаҳринав» (2007), «Хираднома» (1993) ва ғ. ба табъ расидаанд. «Панднома»-и шоири классики қазоқ Абай, маҷмӯаи ҳикояҳои нависандаи турк Бекир Юлдуз ва қиссаи нависандаи туркман Қаюм Тангриқулиев «Ду сафедор»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Медали «Хидмати шоиста».[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 27 ISBN 978-99947-2-379-9