Jump to content

Фахриддин Маликов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фахриддин Маликов
Фахриддин Маликов
Таърихи таваллуд 28 феврал 1923(1923-02-28)
Зодгоҳ д. Дар-Дар
Таърихи даргузашт 1 август 1976(1976-08-01) (53 сол)

Маликов Фахриддин (28 феврали 19231 августи 1976) — муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон. Номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко.

Фахриддин Маликов 28 феврали соли 1923 дар деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ таваллуд шудаанд. Модар - Аминова Адолат (1895-1976). Падар - Аминов Мирзомалик (1884-1938), дар соли 1937 ҳабс шуда, 20 марти соли 1938 ҳамчун "хоини ватан", чун домулло буд, паронда шуд. Соли 1956 мувофиқи танзими давлатии Суди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, номи неки ӯ, аз нав барқарор шуд.

Фахриддин Маликов солҳои зиёд, аз сини 16-солагӣ дар мактабҳои миёнаи ноҳияҳои Айнӣ ва Ғарм муаллими кардааст. Сипас ба Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко даъват карда шуд ва то охири умр дар ҳамин донишгоҳ сабақ медиҳад.

Санаи даргузашт 1 августи соли 1976 дар шаҳри Душанбе.

Центр-Азия Бойгонӣ шудааст 24 сентябри 2015  сол.