Феликс Блох
олмонӣ: Felix Bloch | |
| |
Таърихи таваллуд | 23 октябр 1905[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 10 сентябр 1983[1][2][3][…] (77 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик[6], electron[d][6], ferromagnetism[d][6] ва magnetic resonance[d][6] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Werner Heisenberg[d] ва Peter Debye[d][8] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Феликс Блох (олмонӣ: Felix Bloch; 23 октябр 1905, Зюрих — 10 сентябри 1983, ҳамон ҷо) — физикдони швейсарӣ, ки асосан дар ИМА кор кардааст. Барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши физика (1952).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1961 профессори Университети Стэнфорд. Блох аввал ба шуъбаи муҳандисии Мактаби олии техникии Сюрих дохил шуда, сипас ба шуъбаи физика гузашт ва онро соли 1927 хатм кард. Ӯ омӯзишро дар Университети Лейпсиг идома дода, дараҷаи докториро соҳиб шуд (1928). Дар Олмон ба таҳқиқоти илмӣ якҷо бо Ҳайзенберг, Паули, Бор ва Ферми машғул буд. Соли 1933 ба ИМА кӯч баст. Аз соли 1934 дар Университети Стэенфорд кор кардааст. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар лоиҳаи атомии ИМА дар Лаб. миллии Лос-Аламос кор карда, сипас дар лоиҳаи омӯзиши радарҳои Университети Гарвард, пас аз ҷанг дар соҳаи индуксияи ҳастаӣ ва резонанси магнитии ҳастаӣ — принсипҳои бунёдии томографияи магнитии ҳастаӣ таҳқиқот анҷом додааст. Соли 1952 Феликс Блох якҷо бо Э. М. Пёрселл «барои инкишофи усулҳои нави андозагириҳои саҳеҳи магнитии ҳастаӣ ва кашфиётҳои ба онҳо марбут» сазовори Ҷоизаи Нобел гашт. Солҳои 1954—1955 директори генералии Ташкилоти аврупоӣ оид ба таҳқиқоти ҳастаӣ (СERN)-бузургтарин дар ҷаҳон лаб. физикаи энергияҳои баланд буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Felix Bloch — 2009.
- ↑ 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Блох Феликс // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #119001438 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ https://hoogleraren.universiteitleiden.nl/s/hoogleraren/item/206 (нидерл.)
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Блох Феликс / Н. Салимов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Зодагони 23 октябр
- Зодагони соли 1905
- Зодагони Швейтсария
- Даргузаштагони 10 сентябр
- Даргузаштагони соли 1983
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Олимони ИМА
- Олимони асри XX