Ферментҳо

Ферментҳо (аз лот. fermentum), ё энзимҳо[1] (аз юн. ζύμη, ἔνζυμον), — молекулаҳои махсуси сафедаӣ мебошанд, ки реаксияҳои кимиёвӣ-ро дар организмҳо бо суръати баланд пеш мебаранд. Онҳо ҳамчун катализаторҳо амал мекунанд, яъне реаксияҳоро метезонанд, бе он ки худ тағйир ё истеъмол шаванд. Онҳоро катализаторҳои биологӣ ва ё энзимҳо низ мегӯянд. Илме, ки ферментҳо ва хусусияти онҳоро меомӯзад, энзимология номида мешавад. Истилоҳи фермент аз калимаи юнони fermentatio — туршшавӣ ва энзим аз юнони enzyme— хамиртуруш гирифта шудааст. Истилоҳи " Энзим "— ро нахуст олими немис Кюне соли 1876 ва " Энзимология "— ро олими немис А.Майер пешниҳод намудааст.
Хусусиятҳои ферментҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]1. Махсусият — ҳар як фермент танҳо як намуди реаксия ё субстратро катализ мекунад.
2. Суръатбахшӣ — онҳо реаксияҳоро ҳазорон ё миллионҳо маротиба тезтар мегардонанд.
3. Ҳассосият ба муҳит — фаъолияти ферментҳо аз ҳарорат, pH (кислотнокӣ) ва консентратсияи моддаҳо вобаста аст.
4. Истифодаи такрорӣ — ферментҳо дар реаксияҳо истифода мешаванд, вале худ истеъмол намешаванд.
Таснифи ферментҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ферментҳо вобаста ба вазифаҳои худ ба 6 гурӯҳ тақсим мешаванд:
1. Оксидоредуктазаҳо — катализатсияи реаксияҳои оксидшавӣ ва барқароршавӣ.
2. Трансферазаҳо — интиқоли гурӯҳҳои атомӣ аз як модда ба дигараш.
3. Гидролазаҳо — шикастани пайвастагиҳо бо иштироки молекулаи об.
4.Лиазаҳо – кандани пайвастагиҳо бе иштирокоти об.
5. Изомеразаҳо — тағйири сохтори молекулаҳо бидуни тағйири таркиб.
6. Лигазаҳо (синтетазаҳо) — пайваст кардани молекулаҳо бо истифодаи энергия.
Нақши ферментҳо дар организм
Ҳазми хӯрок (мисли амилаза, липаза, протеаза).
Тавлиди энергия (масалан, цитохром оксидаза).
Истеҳсоли ДНК ва сафедаҳо (масалан, ДНК-полимераза).
Коркарди заҳрҳо ва маводи нолозим дар ҷигар.
Ферментҳо на танҳо дар организмҳои зинда, балки дар саноат (масалан, истеҳсоли нон, панир, доруҳо) ва табобат истифода мешаванд.
- ↑ Энзимы // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.