Феъли ҳол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Феъли ҳол амалу ҳолатеро ифода менамояд, ки ҳамчун аломати феъли асосӣ воқеъ мешавад. Феъли ҳол амали иловагии ба феъли асосӣ пайравбударо мефаҳмонад. Вай бар эзоҳи феълҳои ҳам тасрифӣ ва ҳам тасрифнашаванда меояд.

Мисолҳо[вироиш]

  • Ҳар сол, ки ту ҷилвакунон меомадӣ, додгӯён то ба гӯри падарам рафтанам ба ёдам мерасид (Ҳаким Карим).
  • Зевар аз он сӯ табассумкунон меомад (Фазлиддин Муҳаммадиев).
  • Гурӯҳе гапҳои обдори ӯро шунида, ӄаҳҳосзанон хандида пароканда шуданд (Садриддин Айнӣ).

Дар забони тоҷикӣ феъли ҳол фаӄат як шакли махсус дорад,ки онро феъли ҳоли замони ҳозира меноманд.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология. - Душанбе: Дониш, 1985. - с.263