Филипп Голиков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Филипп Голиков
русӣ: Филипп Иванович Голиков
Filipp Golikov.jpg
Зодрӯз 29 июл 1900(1900-07-29)[1][2]
Таърихи даргузашт 29 июл 1980(1980-07-29)[3][4][1][…] (80 сол)
Мансубият
Солҳои хидмат пиёданизом[d]
Қисм Marshal of the Soviet Union[d]
Равобит
ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурх ордени Байрақи Сурх ордени Байрақи Сурх ордени Байрақи Сурх Order of Suvorov, 1st class Ордени Кутузов дараҷаи I ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх Ордени Ситораи Сурх Order "For Service to the Homeland in the Armed Forces of the USSR", 3rd class Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Медали «Барои мудофиаи Москва» Medal "For the Defence of Stalingrad" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Twenty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "For the Victory over Japan" Medal "Veteran of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "XX Years of the Workers' and Peasants' Red Army" Jubilee Medal "30 Years of the Soviet Army and Navy" Jubilee Medal "40 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "50 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "60 Years of the Armed Forces of the USSR" Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow" Order of the Cross of Grunwald, 1st class Order of the National Flag Order of the Red Banner Order of the Partisan Star Салиби ҳарбӣ Medal "In Commemoration of the Battle of Dukla Pass"
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Голиков Филипп Иванович (16.7.1900, деҳаи Борисови вилояти Кургани РСФСР — 29.7.1980, Маскав) — фармондеҳ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1961).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1918 дар ҳайати Артиши Шӯравӣ. Хатмкардаи курсҳои такмили ихтисоси ҳайати фармондеҳони олӣ (1929), мактаби ҳарбӣ (1931) ва Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1933, ғоибона). Аз соли 1919 дар вазифаҳои ҳизбию сиёсӣ, аз соли 1931 дар вазифаҳои фармондеҳӣ буд. Аз июли 1940 муовини сардори Ситоди генералӣ-сардори раёсати иктишоф (разведка). Аз оғози ҶБВ барои дастрас намудани аслиҳа барои Артиши Сурх дар Британия ва ИМА музокирот анҷом додааст. Минбаъд фармондеҳи артиш буд; дар муҳорибаҳои Маскав (1941-42), Брянск (апрел-июли 1942), Воронеж (август ва октябри 1942 — марти 1943) иштирок кардааст. Аз апрели 1943 сардори Сарраёсати кадрҳои Шӯрои Комиссарони Халқии мудофиаи ИҶШС ва аз октябри 1944 ҳамзамон намояндаи Шӯрои Комиссарони Халқии оид ба корҳои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони ИҶШС. С-ҳои 1950-56 фармондеҳи воҳидҳои алоҳидаи механикии ҳарбӣ, 1956-58 сардори Академияи ҳарбии қувваҳои танкии зиреҳпӯш, 1958-62 сардори Сарраёсати сиёсии Артиши Шӯравӣ ва Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ буд. Аз майи 1962 корҳои масъули Вазорати мудофиаи ИҶШС-ро иҷро кард. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 1 ва 4-6). Муаллифи ёддоштҳои «Уқобҳои сурх» ва «Дар муҳорибаи Маскав».

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо 4 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 4 ордени Байрақи Сурх, орденҳои Суворов (дараҷаи 1), Ситораи Сурх, Кутузов (дараҷаи 1), Байрақи Сурхи Меҳнат, «Барои хидмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», 7 ордени хориҷӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]