Фирӯз Ҳақназарзода
Намуди зоҳирӣ
Фирӯз Ҳақназарзода | |
|---|---|
| Ҳақназарзода Фирӯз Ғоибфар | |
| Таърихи таваллуд | 29 августи 1968 (58 сол) |
| Зодгоҳ | Кӯлоб , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Навъи фаъолият | Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII |
| Таҳсилот | Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ |
| Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон | |
Фирӯз Ҳақназарзода (Ҳақназарзода Фирӯз Ғоибфар, тав. 29 августи соли 1968, шаҳри Кӯлоб , ҶШС Тоҷикистон ) — омӯзгор, рӯзноманигор, менеҷер, арбоби давлатӣ, тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солҳои 1990-1992 — Котиби кумитаи комсомоли хоҷагии Ленинград (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), ноҳияи Кӯлоб.
- Солҳои 1992-1999 — Омӯзгори ММТУ- и №19 деҳаи Офтоблиқо, ҷ/д Зиракӣ, шаҳри Кӯлоб.
- Солҳои 2000-2005 — Маркази татбиқи Лоиҳаи давлатии таҷдиди сектори иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кредити №075 TAJ, дар вазифаҳои ронанда, маъмур, муҳосиб ва ёвари сардори Лоиҳа
- Солҳои 2005 — 2009 — Котиби масъули рӯзнома «Навиди Кӯлоб», нашрияи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи маъмур ва мушовири ҳамоҳангсоз.
- Солҳои 2009-2011 — Котиби масъули рӯзномаи «Навиди Кӯлоб», нашрияи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
- Солҳои 2011-2018 — Муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб», нашрияи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
- Солҳои 2018-2025 — Сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб», нашрияи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
- Аз 2 марти соли 2025 то ҳол — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII. [2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳақназарзода Фирӯз Ғоибфар(тоҷ.). www.parlament.tj. 14 май 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Ҳақназарзода Фирӯз Ғоибфар(тоҷ.). www.parlament.tj. 14 май 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)