Флавий Бончковский
русӣ: Бончковский Флавий Николаевич | |
Таърихи таваллуд | 15 сентябр 1909 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 16 ноябр 1973[1] (64 сол) |
Кишвар | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои кишоварзӣ[d] |
Алма-матер |
Флавий Николаевич Бончковский (15 сентябр 1909, Барнаул, Tomsk Governorate[d] — 16 ноябр 1973[1]) — гидромелиоратор, доктори илмҳои кишоварзӣ (1963), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964).
Зминдагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти гидромелиоратсияи шаҳри Маскав (1937). Фаъолияти илмиашро ба сифати ассистенти донишкадаи мазкур оғоз кардааст. Соли 1940 ба Тоҷикистон омад. Муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи геодезия ва мелиоратсия (1947—1949), ноиби ректор дар бахши илм (1949—1953), мудири кафедраи геодезия ва мелиоратсияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1954—1956), корманди Институти таҳқиқоти илмии хокшиносӣ (1956—1957) буд. Баъдан фаъолияти илмию педагогиашро дар Институти хоҷагии қишлоқи Қрим (Украина; 1965) идома додааст.
Дар мавриди хусусиятҳои гидротермии ҳаво ва хок, роҳҳои мубориза бо обшӯй шудани замин, таъсири боронгарӣ ба қабати болоии замин, усулҳои беҳтари обёрии зироат ва ғайра як силсила пажӯҳишҳо анҷом додааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Наносы Вахшской ирригационной системы и борьба с ними. Сталинабад, 1948;
- Влияние системы поливов на жизненную среду хлопчатника в Средней Азии. Сталинабад, 1949;
- Поливные режимы хлопчатника в условиях Таджикистана. Сталинабад, 1957;
- О зимних поливах. Сталинабад, 1960;
- Изучение гидротермических характеристик воздуха и почвы на хлопковой делянке. Д., 1963.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бончковский Флавий Николаевич / Ё. Назармамадов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.