Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Флорентино Перес

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Флорентино Перес
исп. Florentino Pérez Rodríguez
Ном ҳангоми таваллуд исп. Florentino Pérez Rodríguez
Таърихи таваллуд 8 март 1947(1947-03-08)[1] (79 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша тоҷир, сиёсатмадор, муҳандис дар сохтмони шаҳрвандӣ, sports executive
Падар Eduardo Pérez[d]
Модар Soledad Rodríguez[d]
Завҷа María Ángeles Sandoval[d][3]
Имзо
Вебгоҳ florentinoperez.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Флоренти́но Пéрес (исп. Florentino Pérez Rodríguez; 8 марти 1947, Мадрид, Испониё) – бозаргони испониёӣ, президенти бошгоҳи «Реал Мадрид». Соли 2017, маҷаллаи «Forbes España» ӯро беҳтарин мудири аршади иҷроии Испониё эътироф карда буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Флорентино Перес 8-уми марти соли 1947 дар шаҳри Мадрид ба дунё омадааст. Ӯ дар оилаи Эдуардо Перес, соҳиби мағозаи атторӣ ва ҳамсараш Соледад ба воя расидааст. Флорентино фарзанди сеюм аз миёни панҷ писари оила мебошад. Ӯ мактаби нухбагонро хатм намуда, баъдан таҳсилро дар Донишгоҳи политехникии Мадрид идома дод ва ихтисоси муҳандиси роҳсозӣ, сохтмони каналҳо ва бандарҳоро гирифт.

Раёсати «Реал Мадрид»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Талоши аввалини Перес барои ба даст овардани курсии президенти «Реал Мадрид» дар интихоботи рӯзи 19-уми феврали соли 1995 сурат гирифт. Дар он замон бошгоҳ дучори бӯҳрони шадиди молиявӣ буд. Перес бо ваъдаи рафъи ин мушкилот ба сабқат ворид шуд, аммо дар ниҳоят бо фарқи 700 раъй аз Рамон Мендоса шикаст хӯрд.