Jump to content

Фориғи Ҳисорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фориғи Ҳисорӣ

Фориғи Ҳисорӣ (қарни XVIII — қарни XIX) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аслу насаби Фориғи Ҳисорӣ маълум нест. Айёми ҷавонӣ ва таҳсили ибтидоияш дар яке аз деҳаҳои Ҳисор гузаштааст. Сипас, барои таҳсил ба Марғелон рафтааст. Баъд ба Ҳисор баргашта, дар ҳамин ҷо вафот кардааст. Девони Фориғи Ҳисорӣ (тақрибан 2200 байт) ғазалиёт ва мухаммасу таърихҳоро дар бар мегирад. Аксари шеърҳои Фориғи Ҳисорӣ дар мавзуи ғарибӣ, шикоят аз камбағалӣ ва хорию зорӣ навишта шудаанд:

Ба хок уфтодаву хору заифу зор ман бошам,
Ҳақиру бенавову хаставу афгор ман бошам.
Мусибатдидаву мотамкашида, хуни дил хӯрда,
Нақифу кулфатанду ду ба меҳнат ёр ман бошам.
Ғарибу дар ба дар, чун об дорам сар ба пастиҳо,
Зи табъи соф чун оина дар зангор ман бошам…

Дар девони Фориғи Ҳисорӣ манзумае ҳаст, ки шоир дар он аз сафарҳояш ба деҳоти Ҳисор ҳикоят мекунанд.

  • Фориғи Ҳисорӣ / А. Ҳабибов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).