Форсизабони асил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Форсизабонони асил мардуми ҳам аз рӯи нажод (қиёфаву шакл) ва ҳам аз рӯи гуфтугӯйи забонӣ аз реша, як мардум будани форс мебошад ва ба ин мардум форсҳои Эрон, тоҷикони Осиёи Миёна ва Афғонистону Покистон буда ва ба гурӯҳи забонҳои эронии оилаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешаванд ва дар ҷаҳон зиёда аз 122 миллион тан ҳастанд. Дар Эрон 65% аз мардуми Эрон ва дар Афғонистон 15 миллон тан аз мардум, яъне 50 дар сад ва дар Ӯзбекистон низ 50%(15 миллион нафар аз 30 миллион нафари мардуми Ӯзбекистон ва дар Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби омори соли 2010 84,3% аз мардуми Тоҷикистон форсизбони асил мебошанд ва ҳама Порсигӯ ҳастанд. Аммо Порсигӯ дар ҷаҳон 228 миллион шахс мебошад ва ба Порсигӯ инчунин мардуми гурӯҳи забонҳои эронӣ (курд, паштун, мозандаронӣ, лур ва ғ.ва инчунин мардуми гурӯҳи туркии оилаи олтой (ӯзбек, ҳазораҳо, салласурхҳо "қизилбош", чордеҳҳо "чораймоқ", озари ва ғайра) дохил мешавад.