Фотимиён
Фотимиён ( араб. (ал-Фотимиён; الفاطميون ) — як сулолаи араби халифа ва имомони шиъа ( исмоилия ) буда, аз соли 909 то 1171 дар Хилофати Фотимиён ҳукмронӣ мекарданд. Аз авлоди Фотима, духтари паёмбари ислом Муҳаммад, пешвоёни қонунии ҷамъияти мусалмонон ба ҳисоб мерафтанд.
Болоравии фотимиён ба сабаби шӯриши халқии Барбарҳо қабилаи Кутама буд. Онҳо зери шиори зуҳури Имом Маҳдӣ омада давлати Ағлобиёни сунниро дар Ифриқия шикаст доданд . Моҳи январи соли 910 имоми исмоилия Убайдулоҳ Маҳдӣ эълон шуда, унвони халифаро гирифт. Фотимиён сарзамини Африқои Шимолй, Ситсилия, Шом), сохили Бахри Сурхро ба тасарруфи худ дароварда, муборизаро барои барқарор намудани хукмронӣ Уммати ислом давом доданд. Артиши Фотимиён аз зархаридони мамоликҳо иборат буд. Пас аз марги халифаи Фотимиён ал-Адид ва ба сари қудрат омадани вазири курд аз сулолаи Айюбиён Салоҳуддин, ин сулола аз байн рафт [1] .
Феҳристи халифаҳои Фотимӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]| № | Ном | Соли таваллуд | Солҳои ҳукмронӣ | Эзоҳ |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Абумуҳаммад Абдуллоҳ ал-Маҳди Биллаҳ | 909—934 | ||
| 2 | Абулқосим Муҳаммад ал-Қоим Биамриллоҳ | 934—946 | ||
| 3 | Абузоҳир Исмоил ибн Муҳаммад ал-Мансур Биллоҳ | 914 | 946—953 | |
| 4 | Абутамим Маадд ибн Исмоил ал-Муизз Лидиниллоҳ | 931 | 953—975 | |
| 5 | Абумансур Низар ибн Маадд ал-Азиз Биллоҳ | 975—996 | ||
| 6 | Абуалӣ Мансур ибн Низар ал-Хаким би-Амриллоҳ | 985 | 996—1021 | |
| 7 | Абулҳасан Алӣ ибн Мансур аз-Зоҳир Биллоҳ | 1005 | 1021—1036 | |
| 8 | Абутамим Маадд ибн Алӣ ал-Мустансир Биллоҳ | 1029 | 1036—1094 | |
| 9 | Абулқосим Аҳмад ибн Маадд ал-Мустали Биллоҳ | 1094—1101 | ||
| 10 | Абуалӣ Мансур ибн Аҳмад ал-Амир Биахкамиллоҳ | 1101—1130 | ||
| 11 | Абулмаймун Абдулмаҷид ибн Муҳаммад ал-Ҳофиз Лидиниллоҳ | 1130—1149 | ||
| 12 | Абумансур Исмоил ибн Абдулмаҷид аз-Зафир Биамриллоҳ | 1149—1154 | ||
| 13 | Абулқосим Исо ибн Исмоил ал-Фаиз | 1154—1160 | ||
| 14 | Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибн Юсуф ал-Адид Лидиниллоҳ | 1160—1171 |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бибикова О. П. Фатимидов династия(пайванди дастнорас — таърих). Кругосвет. 2 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2013.
- Дафтари Фархад. Исмаилиты : Их история и доктрины = The Isma‘ilis: Their History and Doctrines / предисловие Вилферда Маделунга; перевод Лейлы Р. Додыходоевой при научной ред. О. Ф. Акимушкина[ky]. — М.: Наталис, 2011. — 847 с. — ISBN 58-062-0341-7.
- Фатимиды // Исторический словарь. — 2000.
- Фотимиён // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
Дар нусхаи забонии дигар мақолаи пурратар аст: Fatymidzi(лаҳс.).
Шумо метавонед мақоларо бо иловаи тарҷума муфассалтар кунед ва ба лоиҳа кӯмак кунед. Дар ҳамин ҳол, бинобар риояи қоидаҳои нашр, шаблони {{Мақолаи тарҷумашуда}}-ро дар саҳифаи баҳс ишора кунед, ё пайвандро ба саҳифаи манбаъ (сарчашма) дар шарҳи вироиш нишон диҳед. |