Франграсйан (Афросиёб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Франграсйан (Афросиёб) - (дар Авесто Франграсйан ба маънии «ҳаросангез» ё «касе, ки ба ҳарос афканад»), дар паҳлавӣ Фрасйав ё Фрасйаб, номи шоҳи номдори Турон, писари Пашанг, паҳлавони аслии тамоми даргириҳо ва ҷангҳои тӯлонӣ миёни эрониёну турониён аз давраи Нузаршоҳ то рӯзгори шаҳриёрии Кайхусрав аст .

Ривояти Афросиёб[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз муҳимтарин рӯйдодҳои зиндагии Афросиёб куштани бародараш Ағрирас ва Сиёвуш – шоҳзода ва паҳлавони эронӣ ва писари Ковусшоҳ аст ва ҳамин ду рӯйдод аст, ки дар Авесто ҳамвора бузургтарин гуноҳони Афросиёб шумурда шуда ва кушта шудани ӯ ба дасти наберааш Кайхусрав – писари Сиёвуш натиҷаи даст задан ба ин гуноҳон аст. Дар баробари корҳои аҳриманӣ ва гуноҳоне, ки корномаи Афросиёбро сиёҳ карда, кори неке ҳам ба-д-ӯ нисбат дода шуда ва он куштани Зеингови дурванди тозист, ки бар Эрон чира шуда буд ва Афросиёб ба хоҳиши эрониён ӯро шикаст дод ва кушт. Саргузашти Афросиёб ва достони ҷангҳои хунину пуркашмакаши вай бо эрониён дар Авестои кунунӣ ва матнҳои паҳлавӣ ба кӯтоҳӣ ва дар ҳадди ишора омадааст ва шахсияти ӯ дар ин матнҳо бештар асотирӣ ва девосост то достонӣ ва ҳамосӣ. Аммо дар «Шоҳнома» ва бархе дигар аз матнҳои таърихӣ-адабии форсӣ достони ӯ батафсил баён шуда ва шахси ӯ бештар маниши шоҳону паҳлавононро пайдо кардааст, ки албатта пойгоҳе аниронӣ ва аҳриманӣ дорад.

Шахсияти шоҳ-паҳлавон, ки Афросиёб дар бархе аз бахшҳои Авестои нав ва матнҳои паҳлавӣ ва ба вижа дар «Шоҳнома» ва дигар матнҳои форсӣ (ва арабӣ) дорад, шахсияти сонавӣ ва мутааххири ӯст вагарна дар бештари бахшҳои Авестои нав (аз он ҷумла дар «Зомёд йашт») ва адабиёти паҳлавӣ, нишонаҳои ошкоре аз маниши аслии асотирии ӯ, – ки реша дар ёдгорҳои куҳани фарҳанги ҳиндуэронӣ дорад – ба чашм мехӯрад. Ӯ дар ин колбади дерина на як шоҳ-паҳлавон, ки дар шумори аждаҳоён ва девон аст ва дар набардҳои кайҳонии изадон ва девон даргир мешавад. Чунонки дар «Зомёд йашт» шиноварии ӯро дар дарёи Фарохкарт дар пайи даст ёфтан ба Фарри эронӣ мебинем ва хашму хурӯши ӯ ва носазогӯиаш, ки мехоҳад ҳамаи неку баду тару хушкро дар ҷаҳони офариниш ба ҳам даромезад ва Аҳура Маздоро ба тангно дарафганад, ёдовари набарде ҳамтирози Ҳурмазду Аҳриман аст. Боздоштани борон аз Эроншаҳр, ки ба навиштаи «Бундаҳишн» яке аз корҳои аҳримании Афросиёб аст ва дар «Шоҳнома» бидуни зикри номи Афросиёб, танҳо ишорае мубҳам ба-д-он меравад, шакли дигаргуншудае аз устураи куҳанест, ки дар он Афросиёб шахсияте аждаҳогуна дорад ва обҳоро дар ком мекашаду хушксолӣ падид меоварад. Ба навиштаи «Гузидаҳои Зодспарам» ин Амшоспанд Спандармад аст, ки кори Афросиёбро беасар мекунад ва обро дигарбора ба Эроншаҳр бозмегардонад. Ҳамонанди ҳамин ривоят аст достони рӯде ба номи Ватаени дар Систон, ки ба дарёчаи Киёнисийа мерехт ва Афросиёб онро лагадкӯб кард ва аз миён бурд. Ин достон дар «Бундаҳишн» омада ва решаи асотирии шахсияти Афросиёбро дар он ба равшанӣ метавон дид. Боздоштани борон аз Эроншаҳр, ки ба навиштаи «Бундаҳишн» яке аз корҳои аҳримании Афросиёб аст ва дар «Шоҳнома» бидуни зикри номи Афросиёб, танҳо ишорае мубҳам ба-д-он меравад, шакли дигаргуншудае аз устураи куҳанест, ки дар он Афросиёб шахсияте аждаҳогуна дорад ва обҳоро дар ком мекашаду хушксолӣ падид меоварад. Ба навиштаи «Гузидаҳои Зодспарам» ин Амшоспанд Спандармад аст, ки кори Афросиёбро беасар мекунад ва обро дигарбора ба Эроншаҳр бозмегардонад. Ҳамонанди ҳамин ривоят аст достони рӯде ба номи Ватаени дар Систон, ки ба дарёчаи Киёнисийа мерехт ва Афросиёб онро лагадкӯб кард ва аз миён бурд. Ин достон дар «Бундаҳишн» омада ва решаи асотирии шахсияти Афросиёбро дар он ба равшанӣ метавон дид.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]