Франсис
лот. Franciscus | |
![]() | |
Ном ҳангоми таваллуд | исп. Jorge Mario Bergoglio |
Таърихи таваллуд | 17 декабр 1936[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 21 апрел 2025[4][5][6][…] (88 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | Latin Catholic priest, шимидон, нависанда, илоҳиётшинос, воиз, Latin Catholic bishop, сиёсатмадор, chemical technologist, зиндагиноманавис, Catholic theologian, устоди донишгоҳ, файласуф |
Падар | Mario José Bergoglio[d][11] |
Модар | Regina María Sívori[d][11] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо |
![]() |
Вебгоҳ | vatican.va/conten…(англ.) |
![]() | |
![]() |
Франсис[12] (лот. Franciscus, итол. Francesco; дар ҷаҳон — Хорхе Марио Бергогло; исп. Jorge Mario Bergoglio; 17 декабри 1936, Буэнос-Айрес, Аргентина — 21 апрели 2025, Ватикан [13]) — усқуфи калисои католикии румӣ, Усқуфи Рим (2013–2025). Аввалин усқуф дар таърих аз Ҷаҳони Нав ва аввалин усқуф берун аз Аврупо дар тӯли беш аз 1200 сол (пас аз Григорий III Суриягӣ, ки аз соли 731 то 741 ҳукмронӣ кардааст) [14]. Аввалин усқуфи иезуит. Аввалин роҳибони усқуф пас аз Григорий XVI (1831-1846), ки ба ордени Камалдолес тааллуқ дошт [15]. Ҳамчунин ӯ ба забонҳои англисӣ, Италиёӣ, Испаниёӣ Олмонӣ мусаллат буд[16].
Бергогло дар Буэнос Айрес, Аргентина зода шуда ва дар соли 1958, пас аз беҳбудӣ аз як бемории сахт, ангеза гирифт то ба исавиён мулҳақ шавад. Ӯ дар соли 1969 ба мақоми кашиши католик гумошта шуд ва аз соли 1973 то 1979 ба унвони роҳбари минтақаии исавиён дар Аргентина фаъолият кард. Дар соли 1998 ба мақоми усқуфи аъзами Буэнос Айрес расид ва дар соли 2001 тавассути Поп Жан Паули дувум ба унвони кординол мансуб шуд.
Пас аз истеъфои пап Бенедикти шонздаҳум дар 28 феврал 2013, маҷмаи кардиналҳо дар 13 март Бергулиоро ба ҳайси ҷонишини ӯ интихоб кард. Ӯ номи Франсиски Осизиро ба унвони намуна интихоб намуда, номи Франсисро барои худ баргузид.
Дар тӯли даврони зиндагии умумии худ, Франсис ба сабаби фурӯтанӣ, таъкидаш бар раҳмати Худованд, шинохта шуданаш дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун поп, таваҷҷӯҳ ба фақирон ва ӯҳдадорӣ ба гуфтугӯи байнидинӣ маъруф буд. Ӯ инчунин ба сабаби рӯйкарди ғайрирасмиаш нисбат ба попҳои қаблӣ, аз ҷумла тасмимаш барои иқомат дар меҳмонсарои «Домус Санкта Марта» ба ҷои иқомат дар апартаментҳои попии Қасри Ҳавворӣ, ки тавассути попҳои қаблӣ истифода мешуданд, шинохта шуд[17].
Ба бозсозии робитаҳои комили дипломатӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Куба кумак кард, бо Чин тавофуқе барои муайян кардани ҳудуди нуфузи Ҳизби Коммунист дар таъйини усқуфҳои чинӣ музокира намуд ва аз ҳуқуқи паноҳҷӯён ҳимоят кард. Поп Франсис аз ҷаҳони Ғарб дархост карда буд, ки ҳаҷми қабули муҳоҷиронро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳанд[18][19]. Дар соли 2022, Франсис барои нақши калисо дар «наслкушии фарҳангии» мардуми бумии Канада узрхоҳӣ кард[20].
Франсиси 88-сола субҳи 21 апрели 2025, дар рӯзи душанбеи Иди Пок, пас аз сактаи мағзӣ ва дар пайи «коҳиши ғайриқобили бозгашти гардиши хун» даргузашт. Ӯ як рӯз қабл, дар якшанбеи Иди Пок, охирин ҳузури умумии худро дошт[21].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хорхе Марио Бергоглио дар Буэнос-Айрес ба дунё омад ва яке аз панҷ фарзанди хонаводаи итолиёвие буд, ки ба Аргентина муҳоҷират карда буданд. Падараш коргари роҳи оҳан ва модараш хонашин буд. Ӯ дипломи фаннӣ дар риштаи кимиёро аз Донишгоҳи Буэнос-Айрес гирифт ва баъдан дар Вилла Дево дар мактаби улуми динӣ таҳсил кард.[22]


Франсиси I бо як шуш нафас мекашад. Ӯ бахши бузурге аз як шуши худро дар давраи кӯдакӣ ба сабаби беморӣ аз даст додааст. Ӯ ба забонҳои итолиёвӣ, испанӣ ва олмонӣ сухан мегӯяд ва бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва португалӣ ошност.
Ӯ ба рақси суннатии Аргентина, яъне танго, таваҷҷуҳ дорад. Дар ин бора гуфтааст: «Дар ҷавонӣ танго мерақсидам.» Ӯ узви иттифоқи ҳаводорони дастаи футболи «Сан Лоренсо» мебошад. Интихоби номи Франсис ба хотири алоқамандиаш ба муқаддаси Франсиси Осиҷӣ, ки дар қарни XIII зиндагӣ мекард ва ҳомии фақирон буд, сурат гирифтааст.[23]
Ӯ дар як мактаб бо футболбоз Алфредо Ди Стефано [24] (1926–2014) таҳсил кардааст.
- Ӯ мухлиси бошгоҳи футболи Аргентина Сан Лоренсо аз Буэнос Айрес мебошад[25] [26] . Соли 2008 ӯ узви расмии клуби тарафдорони даста шуд, ки ба номи Сент Лоренс гузошта шудааст. Бошгоҳ соли 1908 бо пуштибонии коҳин Лоренсо Масса таъсис ёфтааст.
- Ӯ аз тамошои телевизион даст кашид, ки дар соли 1990 ба Бокираи Муборак аз Кармел назр карда буд [27].
Фаъолиятҳои пеш аз поп шудан
[вироиш | вироиши манбаъ]Бергулио дар 11 марти 1958 ба ҷомеаи исавиҳои ворид шуд. Баъдан дипломи фалсафаро аз Коллеҷи Маҷисимо Сен Хосе дар Сан Мигел гирифт ва пас аз он ба омӯзиши адабиёт ва равоншинсоӣ дар Коллеҷи Дела Инмакулада дар Сантафе ва Донишгоҳи Делсалвадор дар Буэнос-Айрес шурӯъ кард.[28]
Коҳиният (1969 то 1992)
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соли 1967, Берголио омӯзиши илоҳиёти худро дар факултаҳои фалсафа ва илоҳиёти Сан Мигел оғоз кард. 13 декабри соли 1969 вай аз ҷониби усқуфи аъзам Рамон Хосе Кастеллано коҳин таъин карда шуд. Ӯ дар он ҷо ҳамчун устоди навкори минтақаӣ хидмат карда, ба дараҷаи устоди илоҳиёт расид[29].
Усқуфӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]27 июни соли 1992 ӯ ба ҳайси усқуфи ёвари Буэнос-Айрес пазируфта шуд ва 28 феврали соли 1998 усқуфи аъзами Буэнос-Айрес ва намояндаи калисои католикии шарқии Аргентина шуд.
Дар 3 июни 1997, Берголио ба унвони усқуфи аъзами муовини Буэнос Айрес мансуб шуд, ва пас аз марги Куоросиюн дар 28 феврали 1998, усқуфи аъзами калоншаҳрӣ шуд. Ӯ ба унвони усқуфи аъзам, калисоҳои ҷадидӣ таъсис кард, усқуфнишинҳоро бозсозӣ кард, талошҳои тарафдори зиндагиро раҳбарӣ карду камиссиюнӣ дар мавриди талоқ ташкил дод. Ӯ теъдоди кишишҳое ки барои кор дар маҳаллаҳои фақирнишин мансуб шуданд ду баробар шуд ва ӯ шахсан аз онҳо боздид кард. Ин кор боис шуд ки ӯ ба унвон «усқуфи вилрӯ», ки гоҳе ба унвон «усқуфи маҳаллаҳои фақирнишин» тарҷума мешавад, шинохта шавад.
Кардиналӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Берголио 21 феврали 2001 аз ҷониби Поп Жон Павел II унвони кардиналӣ гирифт ва ба ӯ унвони коҳини кардиналии муқаддас Роберто Беллармин дода шуд. Берголио рӯзи 14 октябр ба он ҷо таъин шуд. Ҳангоми сафари худ ба Рум барои маросим, ӯ ва хоҳараш Мария Елена аз зодгоҳи падаришон дар шимоли Италия дидан карданд[30].
Мақоми попӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Интихоби усқуфи Рим
[вироиш | вироиши манбаъ]

Гуфтугӯҳои байнидинӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ 21 апрели соли 2025 пас аз як давраи беморӣ бар асари бемории сактаи мағзӣ даргузашт [31].
Назарҳо ва андешаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ Stefon M. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ ČSFD (чеш.) — 2001.
- ↑ Pope Francis has died, the Vatican says — 1989.
- ↑ Le pape François est mort (фр.) — Le Monde, 2025.
- ↑ Pope Francis has died on Easter Monday at age of 88 — 2025.
- ↑ Argentina's Jorge Mario Bergoglio elected Pope Francis I — BBC News Online, 2013.
- ↑ Pope Francis I starts work as head of Catholic Church — BBC News Online, 2013.
- ↑ Berger O. Le pape François est mort en ce jour de lundi de Pâques à l’âge de 88 ans (фр.) // La Voix du Nord — Lille: 2025. — ISSN 0999-2189; 2491-3189
- ↑ Pope Francis has died on Easter Monday aged 88 - Vatican News (ингл.) — Vatican News, 2025.
- ↑ 11.0 11.1 Who's who (ингл.брит) — (untranslated), 1849. — ISSN 0083-937X
- ↑ Имя нового Папы — Франциск, а не Франциск I, уточнили в Ватикане(рус.). РИА Новости Украина (14 марти 2013). 8 апрели 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 ноябри 2018.
- ↑ Умер папа римский Франциск. Бизнес Online (21 апрели 2025). 21 апрели 2025 санҷида шуд.
- ↑ Rachel Donadio. The New Pope: Bergoglio of Argentina(англ.). The New York Times (13 March 2013). — «He is also the first non-European leader of the church in more than 1,200 years» 9 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 ноябри 2022.
- ↑ Roma {Rome} (Latin (or Roman) Diocese)(англ.). Catholic-Hierarchy. 8 апрели 2019 санҷида шуд.
- ↑ Pope Francis: 13 key facts about the new pontiff (en-GB), The Guardian (13 марти 2013). Проверено 27 апрели 2025.
- ↑ The Cardinals of the Holy Roman Church - February 21, 2001. cardinals.fiu.edu. 27 апрели 2025 санҷида шуд.
- ↑ Francis X. Rocca. Pope Francis Calls Protection of Migrants a Duty of Civilization (en-US). WSJ. 27 апрели 2025 санҷида шуд.
- ↑ X, X. Trump and Pope Francis clash over immigration, another extraordinary campaign twist (en-US). Los Angeles Times (19 феврали 2016). 27 апрели 2025 санҷида шуд.
- ↑ Jason Horowitz. Francis Calls Abuse of Indigenous People in Canada a ‘Genocide’ (en-US), The New York Times (30 июли 2022). Проверено 27 апрели 2025.
- ↑ Antoinette Radford, Maureen Chowdhury, Christopher Lamb, Christian Edwards, Issy Ronald, Aditi Sangal, Elise Hammond. Pope Francis dies at 88 - news and tributes(англ.). CNN (21 April 2025). 27 апрели 2025 санҷида шуд.
- ↑ Francis X. Rocca. Cardinal Jorge Bergoglio: a profile - Catholic Herald (en-GB) (13 марти 2013). 27 апрели 2025 санҷида шуд.
- ↑ Pope Francis: 20 things you didn't know - Telegraph. web.archive.org (17 марти 2013). 27 апрели 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 марти 2013.
- ↑ Ди Стефано заявил, что, возможно, играл в футбол с новым Папой Римским(рус.). Р-Спорт (18 марти 2013). 18 марти 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2013.
- ↑ Папа Франциск: аскет, иезуит и страстный поклонник футбола(рус.). РБК. 8 апрели 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 сентябри 2020.
- ↑ Нового Папу отличают строгость и любовь к футболу — помощник Бергольо(рус.). РИА Новости (14 марти 2013). 14 марти 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 марти 2013.
- ↑ Папа римский Франциск 25 лет назад дал обет об отказе от телевизора(рус.). Интерфакс (26 май 2015). 16 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2022.
- ↑ Catholic News Service. Argentine Cardinal Bergoglio elected pope, takes name Francis (en-US). The Catholic Sun (13 марти 2013). 27 апрели 2025 санҷида шуд.
- ↑ Biografía: ¿Quién es Jorge Bergoglio?. web.archive.org (14 марти 2013). 27 апрели 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 марти 2013.
- ↑ Jose Maria Poirier. Quiet thunder in Argentina - Catholic Herald (en-GB) (13 марти 2013). 27 апрели 2025 санҷида шуд.
- ↑ [www.ncronline.org pope-francis-live-vatican-guesthouse-not-papal-apartments]. https://www.ncronline.org/news/vatican/pope-francis-live-vatican-guesthouse-not-papal-apartments,%20https:/www.ncronline.org/news/vatican/pope-francis-live-vatican-guesthouse-not-papal-apartments.