Фронсис Голтун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фронсис Голтун
англ. Francis Galton
Таърихи таваллуд 16 феврал 1822(1822-02-16)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 январ 1911(1911-01-17)[1][2][3][…] (88 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Назарияи эҳтимолият ва мардумшиносӣ
Алма-матер
Роҳбари илмӣ William Hopkins[d][6]
Шогирдон Karl Pearson[d]
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ galton.org(англ.)
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сэр Фронсис Голтун (англ. Francis Galton; 16 феврали 1822, Бирмингем, Подшоҳии Муттаҳида17 январи 1911, Хаслмир, Подшоҳии Муттаҳида) — равоншинос ва антропологи инглис, яке аз асосгузорони равоншиносии тафриқаӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Кембриҷ (1844). Узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1856). Фаъолияти илмиро дар соҳаи ҷуғрофия ва ҳавошиносӣ (метеорология) оғоз кард. Аввалин шуда дар асоси усулҳои таҷрибавӣ ва математикӣ таълимотро дар бораи мавҷудияти фарқи фардӣ-равонӣ дар байни одамон пешниҳод намудааст, ки бо номи «Равоншиносии тафриқавӣ» машҳур аст. Фронсис Голтун ба назарияи таҳаввулоти амакбачааш Чарлз Дарвин такя намуда, ин фарқро аз рӯйи омилҳои ирсӣ шарҳ додааст. Ҳарчанд ин навоварӣ бошад ҳам, хусусияти баҳогузории яктарафа дошта, моҳияти иҷтимоии шахсро рад мекунад. Ӯ бо мақсади ташхиси сифатҳои равонии шахс чандин асбоб ихтироъ кардааст, ки дар равоншиносии таҷрибавӣ васеъ истифода мешаванд. Фронсис Голтун инчунин усулҳоеро таҳия кардааст, ки барои ошкор намудани муносибатҳои байни ирсият ва таъсироти иҷтимоӣ имкон медиҳанд («усули дугоникҳо», усули омӯзиши ассотсиатсияи назарҳо, хотири тасаввурӣ (образӣ) ва ғайра). Ӯ истифодаи тестҳоро барои муайян намудани фарқи инфиродии байни одамон пешниҳод кардааст. Муаллифи асари «Ирсияти истеъдод, қонунҳо ва оқибатҳои он» (1869). Дар асари худ «Таҳқиқи қобилиятҳои инсон ва инкишофи онҳо» (1883) барои нишон додани назарияи беҳсозии насли инсон истилоҳи «евгеника» (назария дар бораи беҳдошт ва такмили ирсияти инсон)-ро пешниҳод намуд. Евгеника минбаъд бинобар мавқеаш оид ба пастсифатии ирсии баъзе нажодҳову гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва дар робита ба ҷиноятҳои дар садаи XX дар асоси ин консепсия содиршуда мавриди танқиди сахт қарор гирифт. Таҳқиқоти антропологии Фронсис Голтун дар криминалистика истифода мешаванд. Дар асоси онҳо усулҳои илмии дактилоскопия (усули шинохтани шахс аз рӯйи нақши ангушти дасти вай) пешниҳод шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Канаев И. Фронсис Голтун. Л., 1972;
  • Ярощевский М. История психологии от античности до середины XX в. (учебное пособие). М., 1996;
  • Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. Х. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]