Фуромадани бачадон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фуромадани бачадон
ИхтисосПизишкии занон Edit this on Wikidata
Фуромадани бачадон
МКБ-10 N81.481.4
МКБ-9 618.1618.1
DiseasesDB 13651
MedlinePlus 001508
eMedicine / 
MeSH D014596

Фуромадани бачадон (лот. Prolapsus uteri) — беҷошавии бачадон, одатан дар вақти суст шудани тонус ё ихтилоли томии (ҳангоми таваллуд) мушакҳои қаъри кос, ки узвҳои таносули занро мӯътадил нигоҳ медоранд, рӯй медиҳад.

Нишонаҳои беморӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фуромадани бачадон (одатан якҷоя бо фуромадани маҳбал рӯй медиҳад) боиси суст гардидани узвҳои нигаҳдорандаи бачадон ва мушакҳои девораи пеши шикам мешавад. Дар аввал зан дардро ҳис намекунад, вале агар беморӣ муолиҷа нашавад, он рӯз то рӯз авҷ мегирад. Дар поёни шикам, миён ва устухони чорбанд дардҳои бардавом ба вуҷуд меоянд; пешобронӣ халал ёфта (ё кам-кам рафтани пешоб вақти сурфидан, кори вазнини ҷисмонӣ, масалан, бардоштани бори вазнин), қабзият рух менамояд. Ҳангоми фуромадагии пурраи бачадон пешобронӣ мушкил мешавад. Ҳолати умумии чунин беморон бад аст, онҳо қобилияти кориро ба муддати дароз гум мекунанд.

Пешгирии беморӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои пешгирии фуромадани бачадон баробари пайдоиши аломатҳои аввалини поён фуромадани узвҳои таносул ба духтури гинеколог муроҷиат ва ҳамаи нишондодҳои ӯро қатъиян риоя кардан зарур аст (маҳдуд кардани кори ҷисмонӣ, машғул шудан бо варзиши шифоӣ, истифодаи шикамбанд ва ғайра). Агар бачадон ва маҳбали зани қобили таваллуд поён фарояд, ӯро ҷарроҳӣ кардан лозим аст. Пас аз он зан метавонад ҳомила шавад ва фарзанд бинад. Агар ҷарроҳӣ мумкин набошад, аз ҳалқаи бачадон истифода мекунанд; онро фақат духтур ё доя интихоб менамоянд. Сари вақт дӯхтани ҷойҳои дарида (ҳангоми таваллуд рӯй медиҳад) ва риояи тартиботи баъди таваллуд фуромадани бачадонро пешгирӣ мекунад. Аз ҷумла, кори вазнини ҷисмонӣ мумкин нест. Ғайр аз гимнастикаи умумӣ бо тавсияи духтур бо машқҳои махсуси мушакҳои қаъри кос ва девораи пеши шикам машғул шудан зарур аст.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]