Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фурудгоҳи байналмилалии Бухарест Ҳенри Коанда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фурудгоҳи байналмилалии Бухарест Ҳенри Коанда
Нигора
Image of interior
Номида ба шарафи Henri Coandă[d], Бухарест ва Отопени
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Отопени
Минтақаи замонӣ Europe/Bucharest[d]
Баландӣ аз сатҳи баҳр 91 м
Доранда Bucharest Airports[d]
Оператор Bucharest Airports[d]
Таърихи ифтитоҳи расмӣ 1970
Patronage 17 001 578[1]
Place served by transport hub Бухарест
Вебгоҳи расмӣ bucharestairports.ro/…(англ.)(рум.)
Вазъи истифода in use[d]
Aerodrome reference point 44°34′20″ а. ш. 26°06′08″ т. ш.HGЯO
Runway 08R/26L ва 08L/26R
IATA airport code OTP
ICAO airport code LROP
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фурудгоҳи байналмилалии Бухарест Ҳенри Коанда — фурудгоҳи асосии Бухарест — пойтахти Руминия буда, бузургтарин фурудгоҳи ин кишвар мебошад.[2] Фурудгоҳ ба номи муҳандиси румынӣ Ҳенри Коанда — яке аз пешоҳангони авиатсия номгузорӣ шудааст. Соли 2023 фурудгоҳ 15 миллион мусофир қабул намуд.[3]

Солҳои аввал

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фурудгоҳ дар соли 1970 ҳамчун Отопенӣ кушода шуд. Дар давраи ҳукумати Чаушеску парвозҳои байналмилалӣ маҳдуд буданд ва фурудгоҳ асосан барои мақсадҳои давлатӣ истифода мешуд.

Баъди инқилоби 1989 фурудгоҳ ба суръат тараққӣ кард. Терминали нав дар соли 2012 кушода шуд ва иқтидорро ба 15 миллион мусофир расонд.[4] Дар соли 2004 фурудгоҳ ба номи Ҳенри Коанда номгузорӣ гардид.

Замони муосир

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бухарест маркази асосии TAROM ва пойгоҳи муҳими Wizz Air ва Blue Air мебошад. Парвозҳо ба зиёда аз 100 самт дар Аврупо ва Хавари Миёна иҷро мешаванд. Лоиҳаи сохтани рохи парвози нав ва терминали 2 дар ҳоли иҷро аст.

Авиакомпанияҳо ва хатҳои парвоз

[вироиш | вироиши манбаъ]
ШиркатХатҳои асосӣ
Wizz AirЛондон, Рим, Барселона, Дортмунд
TAROMЛондон, Париж, Амстердам
RyanairЛондон, Берлин, Рим
LufthansaФронкфурт, Мюнхен
Turkish AirlinesИстамбул
Qatar AirwaysДоҳа

Рохҳои парвоз

[вироиш | вироиши манбаъ]
РақамДарозӣ (м)Рӯйпӯш
08L/26R3 500Бетон
08R/26L3 500Бетон

Фурудгоҳ як терминали асосӣ дорад, ки дар соли 2012 кушода шуд. Хатти қатораи CFR фурудгоҳро ба истгоҳи марказии Бухарест мепайвандад. Автобуси экспресс 783 низ ба маркази шаҳр мерасонад.

Шумораи мусофирон
СолМусофирон (млн)
201813,8
201914,7
202212,4
202315,0

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]