Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фурудгоҳи байналмилалии Чингиз Хон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фурудгоҳи байналмилалии Чингиз Хон
муғ. Чингис хаан олон улсын нисэх буудал
муғ. ᠴᠢᠩᠭᠢᠰ ᠬᠠᠭᠠᠨ ᠣᠯᠠᠨ ᠤᠯᠤᠰ ᠤᠨ ᠨᠢᠰᠬᠦ ᠪᠠᠭᠤᠳᠠᠯ
Нигора
Image of interior
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Вилояти Тoв
Минтақаи замонӣ Asia/Ulaanbaatar[d]
Баландӣ аз сатҳи баҳр 1 366 м
Ба ҷои Фурудгоҳи бин‌алмилалӣ чнгизхон
Таърихи ифтитоҳи расмӣ 2021
Вебгоҳи расмӣ ulaanbaatar-airport.mn
Nighttime view
IATA airport code UBN
ICAO airport code ZMCK
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фурудгоҳи байналмилалии Чингиз Хон — фурудгоҳи байналмилалии нави Муғулистон буда, дар 52 км ҷанубу ғарби Улонбатор воқеъ аст.[1] Фурудгоҳ бо номи Чингиз Хон — асосгузори Империяи Муғул — номгузорӣ шудааст. Фурудгоҳ дар соли 2021 кушода шуд ва фурудгоҳи кӯҳнаи Буянт-Ухааро иваз кард.[2]

Фурудгоҳи кӯҳнаи Буянт-Уха дар маркази Улонбатор аз соли 1957 фаъолият мекард. Бо рушди шаҳр ва афзоиши мусофирон иқтидори он кофӣ набуд. Рохи парвоз кӯтоҳ буд ва тайёраҳои бузург наметавонистанд фуруд оянд.

Лоиҳаи фурудгоҳи нав дар соли 2007 тасдиқ шуд. Сохтмон бо қарзи Ҷопон (JICA) оғоз шуд ва арзиши он 553 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Тарҳрезиро ширкатҳои ҷопонии Mitsubishi ва Azusa Sekkei анҷом доданд.

Замони муосир

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фурудгоҳ дар 4 июли 2021 расман кушода шуд. Иқтидори он 3 миллион мусофир дар сол мебошад ва дар оянда ба 10 миллион мерасад. MIAT Mongolian Airlines маркази асосии худро ба ин ҷо кӯчонид. Фурудгоҳ аввалин бор имконияти қабули тайёраҳои дуркунандаи навъи Boeing 787-ро ба Муғулистон фароҳам овард.

Авиакомпанияҳо ва хатҳои парвоз

[вироиш | вироиши манбаъ]
ШиркатХатҳои асосӣ
MIAT Mongolian AirlinesСеул, Токио, Пекин, Берлин, Истанбул
Korean AirСеул
Air BusanСеул
Turkish AirlinesИстанбул
Air ChinaПекин

Рохҳои парвоз

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фурудгоҳ як рохи парвоз дорад:

РақамДарозӣ (м)Рӯйпӯш
15/333 600Бетон

Фурудгоҳ як терминали муосир дорад ки масоҳаташ 34 000 метри мурабба мебошад. Терминал 8 дарвозаи савор шудан дорад ва бо системаи муосири коркарди чамадонҳо муҷаҳҳаз аст. Автобуси тез (BRT) фурудгоҳро ба маркази Улонбатор мепайвандад.

Шумораи мусофирон
СолМусофирон (млн)
20210,3
20221,5
20232,5
20243,0

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Дар бораи фурудгоҳ(пайванди дастнорас). Сайти расмии фурудгоҳ.
  2. Mongolia opens new airport. BBC News, 2021.