Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фурудоии суръатнок (лижаронии кӯҳӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фурудоии суръатнок (лижаронии кӯҳӣ)
Тавсифот
Аввалин мусобиқот
Федератсияи байналмилалӣ
Лоиҳаҳои марбут
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фурудоии суръатнок (англ. downhill — «поён аз теппа», фр. Descente — «фуруд», олмонӣ: Abfahrt) — дисциплинаи лижаронии кӯҳӣ мебошад, ки моҳияти он тай кардани масири махсус омодашуда дар кӯтоҳтарин вақт аст. Ин масфоа зудтарин навъи лижаронии кӯҳӣ ба шумор меравад.

Суръати варзишгар ҳангоми гузаштан аз баъзе қитъаҳои масир метавонад аз 140 км/соат зиёд шавад, дар ҳоле ки дарозии парвоз ҳангоми ҷаҳишҳо ба 40–50 метр мерасад. Ин масофа ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст. Аз соли 1931 инҷониб чемпионатҳои ҷаҳон баргузор мегарданд.

Талабот ба масир

[вироиш | вироиши манбаъ]

Масири фурудоии суръатнок аз рӯи релефи табиии нишебии кӯҳ гузаронда шуда, дорои силсилаи гардишҳо тавассути дарвозаҳои роҳнамо мебошад ва дар қитъаҳои ҷудогона трамплинҳо (одатан табиӣ — теппачаҳо, қаторкӯҳакҳо) ҷой дода мешаванд. Коридори масир аз ҳар ду тараф бо хатҳои равшани барфӣ ё парчамчаҳои секунҷаи хурд ишора карда мешавад. Дарвозаҳои роҳнамо аз ҷуфт-чӯбчаҳои дукарата бо парчамҳои росткунҷаи сурх ё кабуд иборатанд.

Фарқи баландӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мардон: аз 800 то 1100 м
Занон: аз 500 то 800 м

Ташкили мусобиқаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пеш аз оғози старт ё тамрини расмии аввал, варзишгарон бояд имкони пурра аз назар гузаронидани масирро дошта бошанд.

Пеш аз стартҳо тамрини расмӣ гузаронида мешавад, ки барои ҳамаи иштирокчиён ҳатмист.

Агар нишебӣ ба талаботи фарқи баландӣ ҷавобгӯ набошад, мусобиқа метавонад аз ду заезд иборат бошад. Дар ин ҳолат фарқи баландӣ набояд аз 450 м кам бошад.

Ҳамаи иштирокчиён ҳам дар вақти тамрин ва ҳам дар ҷараёни мусобиқа бояд ҳатман либоси муҳофизатӣ пӯшанд.

Ҷусторҳои вобаста

[вироиш | вироиши манбаъ]