Фурқати Низом
Фурқати Низом | |
|---|---|
| Фурқат Низомов | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 4 июли 1994 (32 сол) |
| Зодгоҳ | деҳаи Нилӯ, ноҳияи Ҳисор, Тоҷикистон |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Самти фаъолият | рӯзноманигор, муҷрии телевизион, шоир, нависанда, викинигор |
Фурқати Низом (Низомов Фурқат Шарифович; зод. 4 июли 1994, деҳаи Нилӯ, шаҳри Ҳисор) — рӯзноманигор, муҷрии телевизион, нависанда ва таронанависи тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фурқати Низом 4 июли соли 1994 дар деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм намудааст[1].
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор, соҳиби як фарзанд мебошад.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти рӯзноманигории ӯ аз давраи донишҷӯӣ оғоз ёфтааст. Ӯ ҳамчун хабарнигор дар рӯзномаи «Имрӯз NEWS» ва «Радиои Имрӯз» мақолаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ таҳия мекард.
Аз соли 2016 инҷониб дар ТВ Сафина фаъолият мекунад. Дар ин муддат ӯ муаллиф ва барандаи чандин барномаҳои маъруф гардидааст:
- «Эпилог» — барномаи адабӣ-фарҳангӣ, ки ба тарғиби китобхонӣ ва муаррифии адибон бахшида шудааст[2].
- «Давр», «Мегӯянд, ки…», «Бекстейҷ» ва филмҳои мустанад.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Фурқати Низом дар баробари рӯзноманигорӣ ба навиштани ҳикоя ва қиссаҳои бадеӣ машғул аст[3]. Ҳикояҳои ӯ бо диди тоза ва таҳлили равонии қаҳрамонҳо фарқ мекунанд.
Инчунин, ӯ ҳамчун таронанавис бо ҳунармандони саршиноси эстрадаи тоҷик ҳамкорӣ дорад. Матни чандин сурудҳои иҷрокардаи Мубориз Усмонов, Беҳрӯз Мирзоев[4], Файзалӣ Фозилов, Ҷаҳонгир Зарифов[5] ва Комилҷон Зарифовро ӯ навиштааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ӯ ДАР ИН ҶОДА ТАСОДУФӢ НЕСТ. javonon.tj (22 Январ 2021). 13 феврали 2026 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Шаҳлои Садриддин. ҲЕҶ ЛАЗЗАТЕ ГУВОРОТАР АЗ ЛАЗЗАТИ КИТОБХОНӢ НЕСТ. «Эпилог»-и шабакаи телевизионии «Сафина» ба фарҳанги китобхонӣ умри дубора мебахшад (Ба Рӯзи китоб бахшида мешавад)(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (4 сентябри 2017). 13 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ Фурқати Низом. Боми бегона (ҳикоя)(тоҷ.). Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (14 августи 2024). 13 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ Сино Тоҳирӣ. Чаро Беҳрӯз солҳои зиёд сукут кард?(тоҷ.). oila.tj (26 ноябри 2023). 13 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ Сино Тоҳирӣ. Ҷаҳонгир Зарипов: “Намехоҳам ба касе монанд бошам”. Pressa.tj. 29.09.2023 (29 сентябри 2023). 16 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ Муҳаммадуллоҳи Табарӣ. "Марди роҳ"-и Носир Саид ғолиби Фестивали телевизионии филмҳои мустанад. peshina.jumhuriyat.tj. Ҷумҳурият (22 августи 2019). 16 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ Шоҳҷоизаи озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ" имсол тақдим нашуд. Ҷоизадорони дигарро бишносед(тоҷ.). asiaplus.news. ASIA-Plus. 16 феврали 2026 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фурқати Низом. Парвози аввалин (ҳикоя)(тоҷ.). Адаб ва ҳунар (23 май 2025). 13 феврали 2026 санҷида шуд.
- Фурқати Низом. Мегуянд, ки ... Википедияи Тоҷикӣ / Tajik Wikipedia. YouTube. Телевизиони Сафина (12 феврали 2026). 16 феврали 2026 санҷида шуд.
- Фурқати Низом. Хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ | Давр(тоҷ.). YouTube. Телевизиони Сафина (20 июли 2023). 16 феврали 2026 санҷида шуд.
- Фурқати Низом. Осорхонаи Садриддин Айнӣ - Мегӯянд, ки...(тоҷ.). YouTube. Телевизиони Сафина (8 май 2022). 16 феврали 2026 санҷида шуд.